Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарду ҳам орзуи ҷуфти якдигар шуданро доштанд. Барои он ки касе аз мулоқотҳояшон огоҳ нагардад, ба ҷойи қосид гулханро истифода мебурданд ва онро Тамара меафрўхт. Арсен, ки аз баландии тарафи дигари соҳил чашм аз ҷойи вохўрӣ намеканд, ҷўёи он шуълаи умед буд. Баробари дидани гулхан, ки шаби торро кам мунаввар месохт, дар як мижа задан худро ба назди маъшуқааш мерасонд ва Тамараро ба оғўш мегирифт... Вале ин вохўриҳо дер давом накарданд. Шоҳ огоҳ шуд ва ҳар қадами духтарашро ба зери назорат гирифт. Тамара аз ин кори падар бехабар шабона қасрро тарк карда, ба ҷойи вохўрӣ бо дилдодааш шитофт, вале навкарони шоҳ ўро дастгир карда, ба қаср оварданд. Рафтори Тамара шоҳро ба ғазаб овард ва барои он ки мардум аз ин вохўриҳо огоҳ нашаванд, ба қатли ҷавон фармон дод.
Худи ҳамон шаб лаганбардорони шоҳ ба ҷойи вохўрии Тамара ва Арсен рафта, он гулхани тайёрро оташ дардоданд.
Арсен, ки қариб аз омадани маъшуқааш умедашро канда буд, баробари дидани нур дар зулмот худро дар як мижа задан дар пеши гулхан ҳозир кард. Омаду...
Навкарони шоҳ ўро дастгир ва амри шоҳро дар ҳамон ҷо иҷро карданд. Арсен то нафаси охирин: «Оҳ Тамара» мегуфт...
Субҳи рўзи дигар Тамара аз воқеаи ба сари ҷавони дўстдоштааш омада огоҳ гашта, худкушӣ кард...
Ин қисса дар байни арманиҳо машҳур шуд ва ба ин ном қаҳвахона доранд. Ба қавле, барои баровардани «дуди ғам», як маркаи сигори фабрикаи тамокуи Арманистонро «Ахтамар»
ном гузоштанд.
Аз ҷумла, симои модари Дилором Шаҳло хеле табиист. Ў ҳамчун модари ғамхор ва дилсўз дар тарбияи фарзандон ҳиссаи босазо мегузорад. Тарзе менамояд, ки фарзандон бепадарии хешро ҳис накунанд. Аммо вақте ки аз падару модар дар бораи беодобӣ ва бадахлоқии Дилором суханҳои зишт ва аз забони худи Дилором гапҳои фиребгаронаро мешунавад, тоқаташ тоқ гардида, ба рўяш торсакии обдоре мефарорад ва дар лаҳзаи гулўяшро печида буғӣ намудан, хитоб мекунад: «Гўш кун, эй падарлаънат, ту аз ман ба дунё омадию боз маро фиреб доданӣ, ҳа» (саҳ.42).

пешина
аз 416
навбатӣ