Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҚИССАҲОИ «ПОРИКОБ»

Китоби дуввуми нависандаи хушсалиқаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, майори милитсия, муаллифи китобҳои «Дурахши алмос» (Душанбе: Деваштич, 2004.– 202 саҳ.) ва «Парвоз» (Душанбе: Сифат, 2007.– 136 саҳ.) Шарифбек Азизӣ «Порикоб» (Душанбе: Деваштич, 2005.– 267 саҳ.) номида шудааст. Ин китоб аз қиссаҳои моҷройии «Оҳ, Тамара!», «Пораи қанд» ва «Порикоб» иборат мебошад.
Дар байни қиссаҳои моҷаройии номбурда қиссаи «Оҳ, Тамара!» мақоми хоса дорад. Ин қисса аз фикру хаёл ва хоби ширини ваколатдори кофтукови ҷинояти ШКД ноҳияи Гулистон, лейтенант милиса Акбаршоҳ Абдумаҷидов ва ғораткунии кассаи заводи хишти ноҳияи номбурда оғоз меёбад.
Қаҳрамонҳои марказии қисса лейтенанти милиса Абдумаҷидов Акбаршоҳ Ҳакимович, муфаттиш лейтенанти калони милиса Раҷабов Сафар Бобохонович, ташхисгар–криминалист Сендеров Алексей Владимирович, нозири минтақавӣ, капитан Алишер Хоҷаев барои ошкор намудани 20300 сўми аз кассаи заводи хишти ноҳияи Гулистон дуздидаи авбошон ҳиссаи босазо гузошта, дар ошкор намудани дуздӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар байни қаҳрамонҳои марказӣ, бахусус, симои лейтенанти милитса Акбаршоҳ Абдумаҷидов барҷаста ба назар мерасад, зеро ў аз аввали қисса то охир дар кушодани парвандаи ҷинояӣ саҳми арзанда дорад. Вай ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар фурсати муносиб аксари фармону дастурамалҳои бахши ҷустуҷўйи ҷиноятиро варақ мезанад, барои ҳарчи зудтар ошкор намудани ҷинояти содиршуда заҳмат мекашад.
Бояд қайд кард, ки дар кушодани ҷинояти дуздӣ баъзе мавод, ба монанди тамокуи нимсўхтаи «Ахтамар» нақши муҳим мебозад. Ривояти онро лейтенанти милиса Абдумаҷидов ба муфаттиш Сафар Раҷабов чунин нақл мекунад: «Арсен ном ҷавони камбағал ба Тамара духтари шоҳи яке аз музофотҳои Арманистон дил бохт. Тамара ҳам Арсенро дўст медошт. Шомгоҳон онҳо пинҳонӣ дар арчазори назди соҳили дарёчае, ки аз паҳлўи боғи шоҳ мегузашт, вомехўрданд.

пешина
аз 416
навбатӣ