АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

(саҳ.27–28).
Баробари муваффақият, дар қиссаи «Парвоз» баъзе норасоиҳо низ ба мушоҳида мерасанд:
1.Тарҷумаи баъзе навиштачот, амсоли «Попытка не пытка»
(саҳ.17) ва «Я от тебя без ума» (саҳ.24)–ро дар ҳошияи саҳифаҳо додан лозим аст, зеро шояд на ҳама мухлисон ба маънои онҳо сарфаҳм раванд; 2.Дар поварақи баъзе саҳифаҳо, амсоли саҳ. 80 ва 81 номи муаллиф ва сарчашмаву адабиёти дахлдор оварда нашудаанд.
3.Пеш аз муколамаҳо аломати тире мегузоранд. Дар қисса ба ҷойи ин аломат нимтире (дефис) омадаааст, ки дар оянда ислоҳ мехоҳад; 4.Дар чандин саҳифаҳо вожаи «фурудгоҳ» ба шакли «фурудгоҳ» омадааст, ки ғалат аст; Сарфи назар аз ин камбудиҳо, қисса бо забони ширину гуворо навишта шуда, дарҳол ба дилҳо ҷой мегирад. Истифодаи баъзе вожаву ибораҳои лаҳҷавӣ, ба монанди «тағом» ба ҷойи «тағоям» (саҳ.25), «линчаи ғомук» (ишора ба зани ғафсу қадпастаки Расул) (саҳ.54), «дадома мегум» ба ҷойи «ба падарам мегўям» (саҳ.61) ҳусни баёнро афзудаанд.
Хулоса, хонанда аз мутолиаи қиссаи «Парвоз» хушҳол гардида, аз муҳтавои он ба ваҷд меояд ва ба муаллифи он бахту иқбол, илҳоми нав ба нав ва парвози баланди эҷодиро таманно менамояд.
Аз маҷаллаи «Садои Шарқ», № 11, 2010 Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ, номзади илми филология.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор