АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дуюм грузинро даъват намуда, ўро ба қоидаҳои мавҷуда шинос карда, аз хоҳишҳои охиринаш пурсон шуданд.
– Вино, – талаб намуд Бичо.
Чун хоҳиши аввалаашро ичро намуданд, аз дуюмаш пурсон шуданд.
– Боз вино, – гуфт грузин.
Хоҳиши дуюмашро ҳам ба замин нагузошта, сипас аз хоҳиши сеюмаш ёдовар шуданд.
– Мехоҳам маро паҳлўи Иосиф Виссарионович Сталин гўронед.
– Иҷро мекунем, Ин хоҳиши шумо дар назди мо қарзи қонунист, – гуфанд ба ў ва хоҳишашро ба ҷо оварданд.
Аз ҳама охир Рафоэл Абрамовичро ба ёд оварда, аз хоҳишҳои пеш аз маргаш пурсон шуданд. Он вақт зимистон буд...
– Ман мехоҳам аз лолазорон гул чинам, – гуфт Рафоэл.
– Дар зимистон лолазор аз куҷо?
– Ҳеҷ гап не, ман сабр мекунам, – гуфт Рафоэл.
Бинобар он, ки бе иҷрои як ҳоҳиш ба дигараш гузаштан манъ буд, аъзои комиссияи ҳукуматӣ оид ба ичрои ҳукм ба ҷуз баҳоронро интизор шудан дигар чорае надоштанд...
Чун баҳор фаро расиду Рафоэл дастагуле чид, ҳайати комиссия талаб кард, ки ў хоҳиши дуюми хешро гўяд.
– Ман мехоҳам лижатозӣ кунам.
– О, ҳаминро зимистон гуфтан лозим буд, – гуфт марди тоссаре, ки дар суд вазифаи айбдоркунандаи давлатиро бар дўш дошт.
– Ҳеҷ гап не, ман ба ягон ҷо шитоб надорам, – гуфт Абрамович.
Комиссияи ҳукуматиро ба ҷуз интизорй дигар чорае набуд.
Чун зимистон фаро расиду Рафоэл дар лижа хело тохтутоз намуд, комиссия хоҳиши охирини ўро донистан хост.
– Ман мехоҳам, ки бандаро паҳлўи Михаил Сергеевич Горбачёв ба хок супоред.
– Горбачёв– ку ҳоло намурдааст, – гуфт кадоме аз аъзоёни комиссия.
– Ҳеҷ гап не, – гуфтааст Рафоэл Абрамович. – Сабр мекунам...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор