Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дилу ботини «ошиқ»– и Нигор Расул Муллоев низ сиёҳ буда, аз ҳеҷ чиз андеша надорад. Маҳз бо касофатии ў номзади фанҳои техникӣ Давлат Боқиев, ки мебоист ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми Алма–Ато дар мавзўи «Истифодаи нурҳои офтоб замина барои иваз намудани нерўгоҳҳои обии барқӣ дар шароити Осиёи Марказӣ» маърўза мекард, ба ҳалокат мерасад. Ў аз ошноӣ ва айшу ишрати хеш бо Нигор дар охирҳои қисса афсўс мехўрад, ҳатто дар майнааш чунин фикрҳои булҳавасона давр мезананд: «Не, ман ҳеҷ гоҳ аз Рухшона (завҷаи қонуниаш – С.М.) нияти ҷудошавӣ надоштам, он чӣ, ки ба Нигор мегуфтам, ин руякӣ, беасос буд...» (саҳ.82).
Расул Муллоев ба ғайр аз шахси тарсў ба ҳисоб рафтан, ба монанди рўбоҳ маккору ҳилагар низ буд. Зеро вақте ҳис менамояд, ки шояд Нигор сирри ўро фош созад, аз пайи несту нобуд кардани ў меафтад. Мехоҳад ба Нигор заҳр дода, сирро махфӣ нигоҳ дорад, вале баъди он ки бо Сорбони Ҳомид ва ҷавони ғайринизомипўш рў ба рў меояд, тарбузи вай аз бағал меафтад. Ҳамин тавр, ў ба гуноҳҳои содиркардааш дар пеши қонун ҷавоб мегўяд.
Дар қиссаи «Парвоз» якчанд мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ва муродифоти онҳо истифода шудаанд, ки ба ҳусни баён таровати хоса бахшидаанд. Чунончӣ, «Туро газид, маро чӣ сўз?»
(саҳ.18), «Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт»
(саҳ.26), «Мард аввал андеша карда, пас сухан мегўяд, вале зан сухан гуфта, пас андеша мекунад» (саҳ.35), «Ба ҷанги зану шавҳар остонаи хона механдад» (саҳ.63), «Ба умеди зоғ шуду аз раззок ҳам монд» (саҳ.68), «Пеши доно нараву пеши корафтода рав» (саҳ.72), «Ба дарвозӣ даст диҳӣ, аз оринҷат медорад»
(саҳ.90), «Кўр як бор асояшро гўм мекунад» (саҳ. 125) ва ҳоказо.
Бидуни мақолу зарбулмасалҳо дар қисса чандин латифаҳои халқӣ оварда шудаанд, ки боиси намакин гардидани асар гардидаанд. Масалан, «рус, грузин ва яҳудиро ба қатл маҳкум намуданд. Аз рўйи қоидаҳои мавҷудаи ҳамон давр мебоист пеш аз ба иҷро намудани ҳукм, се хоҳиши охирини ҳар як маҳкумшударо иҷро намоянд.
Сараввал русро даъват намуданду хоҳишҳои охиринашро пурсон шуданд.
Иван дар се давра ба ҷуз «Водка» дигар чизе напурсид ва баъди ин ҳукмро ба иҷро расониданд.

пешина
аз 416
навбатӣ