АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ин буд, ки ў аз Фирдавс беникоҳ ҳомила шуд ва танҳо бо дахолати холааш (модари Фирдавс), барои шарманда нашудан, дар таваллудхона ба таври пинҳонӣ исқоти ҷанин кард.
Фирдавси булҳавас баъди ин ҳодиса аз Нигор канорачўӣ кард. Ҳатто ҳангоми ба Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудан, бо Нигор хайрухуш накард. Ҳарчанд Нигор шарму ҳаёро пеши по зада, ба номи Фирдавс номаҳо навишт, аммо ба ягонтои он ҷавоб нагирифт. Танҳо баъди он ки баъди адои хизмати Ватан Фирдавс духтари ҳамсояи онҳо, Маҳин ҳамсабақи Хуморро ба занӣ гирифт, Нигор, ночор, дар синни 23–солагӣ ба Зариф ном марде, ки занаш ҳангоми таваллуди фарзанд олами ҳастиро падруд гуфта буд, ба шавҳар баромад.
Симои кумандон Хуршед низ манфист, зеро ў барои гаражи хонааш яке аз дарахтони сояафкани пеши хонаро мебуррад.
Барои ин кораш ба ҷойи он, ки аз Сорбони Ҳомид узр пурсад, баръакс, ўро, ки ҳанўз лейтенант ва ба ақидаи вай «вовчик» буд, бо ёдоварии воқеаҳои соли 92 метарсонад. Аммо дар охир ба насиҳати завҷааш – Шаҳло гўш андохта, аз кори карда ва гапҳои гуфтааш пушаймон мегардад.
Хоҳари Нигор – Хумор низ ҳамчун зани танпарвару маишатгар ба назар мерасад. Ў доимо дар ғами сайругашт буда, бо вуҷуди се сол аз аппааш хурд будан, дар чандин осоишгоҳҳо истироҳат карда, шиносҳои зиёде пайдо мекунад ва дар дили Нигор низ шўълае афрўхта, меҳри «истироҳат»–ро дар он бедор менамояд. Аз ин ҷост, ки Нигор дар синни бистуҳаштсолагӣ бори аввал, охирҳои моҳи июн, бо шавҳараш Зариф ва писараш Фирўз барои истироҳат ба осоишгоҳи Хоҷаобигарм меояд.
Баъди дидани рафтору кирдори атрофиён ба ҳодисаву воқеаҳои табиати каҷрафтор бовар карда, вақти ба тамошои шаҳр баромадани шавҳару писараш, Расул ном марди зеборо, ки дар ҳамсоягӣ бо зани фарбеҳу кадпасти безеб истироҳат менамуд, ба дом меандозад. Ҳамин тавр, онҳо як сол бо ҳам дар ҳар ҷо вохўрда, баъзе шабҳоро низ дар хонаи Хумор рўз менамуданд. Вале ин айшу нўшҳо дер давом намекунад. Баъди ба ҳалокат расидани Давлат Боқиев хонаи Хумор зери назорат гирифта шуда, баъди чанде Нигор ҳангоми кушодани дари хона ба даст меафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор