Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар қиссаи номбурда симои як қатор қаҳрамонҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба монанди ҷавони қоматбаланд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ – Сорбони Ҳомид, прокурори ноҳия – Соиб Сулаймонов, муфаттиши прокуратураи ноҳия – Маҳмуд Қурбонзода, сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ, майори милиса – Сендеров Алексей Владимирович ва дигар персонажҳо: сержанти милиса, сардори гуруҳи назорати беруна
– Фозилов, лейтенанта милиса, нозири минтакавӣ – Озар Аминзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур
– Абдуҷаббори Ислом, капитани милиса, навбатдори шуъба Яҳёев, ҷурмшинос, лейтенанта милиса – Ҳамроев, навбатдори милиса – Наботов, котиба – Таҳмнна, ноболиғон, шоҳидони асли воқеа Ҷунайдов Каромат ва Мусулмонов Алишер, Ситора (зани Давлат Боқиев), духтари ў – Замира, писаронаш – Сайёд ва Парвиз, дугонааш – Гулдаста, пиразани қоматхамида, духтари ў Савсан, ҳамсояаш – Тоҳирҷон ва монанди инҳо, ки теъдодашон аз 50 – нафар мегузаранд амал мекунанд, ки диққати хонандагонро ба худ ҷалб менамоянд.
Қайд кардан айни муддаост, ки дар қисса симои персонажи дигар истиқоматкунандаи ноҳияи Дарвоз Толиб хеле барҷаста офарида шудааст. Ба қавле ҳама нону намаки ўро хўрдаанд.
Ягона камбудиаш дар он аст, ки чашмаш касро мегирад. Барои исботи ин муаммо нависанда мисоле меорад, ки хеле табиист:
Ҳангоми дар соҳили дарёи Панҷ зиндагӣ кардан, ба хонаи ў чанд нафар дўстон меҳмон мешаванд. Дар аснои зиёфат аз тарафи муқобили соҳили Панҷ дар пайраҳаи борики кўҳӣ се марди афғон аспҳояшонро этак карда мерафтанд. Меҳмонон манзараро тамошо карда истода, яке аз онҳо ба тарафи соҳибхона рў оварда гуфтааст, ки амак, ба фикрам. шумо човандози хубед, аз ҳамон се аспи афғон кадомӣ аспи хуб аст дар бузкашӣ?
Ҳарчанд бобои Толиб аз «маҳорати» хеш хабар доштааст, вале ҳеҷ гумон намекард, ки аз масофаи панҷсад – шашсад метр ба афғон зиёне оварда метавонад ва аз ин рў, аз сухани меҳмонро шикастан гардани шайтонро шикастан беҳ гуфта, ба тарафи афғонҳо назар карда, лаҳзае пас гуфтааст:
– Ҳамон аспи мобайнияш аспи мешуданист, аспи бузист...
– Ҳамин гап ҳанўз аз забонаш баромада – набаромада, ҳамон асп аз пайраҳа сарозер ба поён меафтад.

пешина
аз 416
навбатӣ