Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сайфулло МАҲКАМОВ,
номзади илми филология

САЛИҚАИ ЭҶОДӢ1

«Парвоз». Чунин ном дорад қиссаи нави нависандаи хушсалиқа ва умедбахши тоҷик Шарифбек Азизӣ. Қисса ба ҳаёт ва фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудааст, ки нисбат ба кори хеш масъулияти баланд ва кордонӣ нишон медиҳанд. Онҳо барои кушодани ҳар як гиреҳи ҷиноят ва сари вақт ошкор сохтани гуноҳи содиршуда талош меварзанд. Пўшида нест, ки нафси бад, мансабхоҳиву вазифаталошӣ ва булҳавасию хиёнаткорӣ дар ҷомеа торафт реша медавонад. Нависанда тавассути қиссаи мазкур бар зидди ақидаҳои хому ғалат ва зараровар баромада, хонандаи хешро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Қисса аз моҷарои рўзи якшанбе, ки ба қавли нависанда «гўё замин кафидаву одам баромада бошад» ва «ҳама дар талоши зиндагӣ мисли мўрчагон дар ҳаракат буданд» оғоз меёбад.
Дар аввали қисса симои мўйсафеди Ҳусайни аробакаш манфӣ ба назар мерасад, зеро ў ҳангоми дар деҳаи дурдасти кўҳистон зиндагӣ кардан, хилофи қонун, ба шикори ҳайвоноти нодир, амсоли оҳу машғул мешавад, то ҳадде, ки аз дасти вай дар кўҳу пуштаҳои Вахё ягон ҳайвони ваҳшӣ боқӣ намемонад.
Илова бар ин, мутобиқи амри яке аз мансабдорон ба паррондани сагҳо машғул гардида, дар давоми як ҳафта қариб ҳамаи сагҳои деҳаро бе ризоияти соҳибонашон парронда, оқибат лақаби Сагкушакро мегирад ва бо ҳамин дар байни мардум ҳамчун Ҳусайни Сагкушак ном мебарорад. Танҳо баъди гузаштани солҳои зиёд ва пас аз вафот кардани писараш ва сағира мондаии набераҳояш Мавлуда ва Анора ў ҳис мекунад, ки ҳамаи ин натиҷаи рехтани ҳуни ноҳақи ҷонварон аст...
Сипас, симои Ҳусайни аробакаш пайваста тағйир меёбад.
Зеро маҳз чолокиву дурбинии ў буд, ки ба чархи шикастаи ароба нигоҳ накарда, вай ба замин афтодани шахсе ва аз ошёнаи нўҳум ба суйи он нигоҳ кардани суроберо пайхас мекунад. Натиҷаи ана ҳамин далелҳо буд, ки оқибат сирри ҷиноят фош мегарданд.

пешина
аз 416
навбатӣ