Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яъне адиб тавассути ин қаҳрамони марказӣ симои ҳақиқии корманди милисаро офаридааст. Хонанда вақти мутолиа ин симоро дўст дошта метавонад ва боз ҳам мехоҳад бидонад, ки Акбаршоҳ Абдумаҷидов кадом кургиреҳро кушоданист...
Ба ҳамагон маълум аст, ки кўҳистон пайраҳаҳоии морпечи зиёде дорад. Душвор аст, ки кас пайраҳаи хоси худро ёбад.
Шарифбек тарзи қуллабаройиро кайҳо омўхтааст. Медонад ба ин қулла чӣ тавр барояд, ки аз роҳи он каси дигар нагузашта бошад.
Бешак, кўҳбаройӣ осон нест, вале Шарифбек Азизӣ барои ба мурод расидан дар анбози таҷриба ҷавонмардию фазилат, ақлу инсоф ва зеҳну ҷасурӣ тўша гирифтааст. Ва ҳар нафаре, ки дар кўҳистон пайроҳаи худро меҷўяд, оқибат дурри мақсуд ба каф меорад. Зеро аспи хаёл дар кўҳистони хушбоду ҳаво, гулпўшу сабзпўш, паҳлўи чашмасорону обшорон ва шаху кўҳри осмонбус зудтар ба хонаи хуршед бол мекушояд.
Умедворем, ки Шарифбек Азизӣ ба дарки беҳуда талаф надодани лаҳзаҳои қиммати кўҳистон расида, асрори моҷароҳои тозаро аз он дурӣ бо роҳу равиши хоса, тарзи нигориш, характер ва забони шевою гиро манзури хонандагон мегардонад ва ба қавли ҳамкасбону ҳамдиёронаш дар ин чода миёни нависандагиашро аз ҳафт чой маҳкамтар мебандад.

1.Аз сарсухан ба китоби «Дурахши алмос», Душанбе
«Деваштич», соли 2004.

пешина
аз 416
навбатӣ