АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Асарҳоии моҷаройии Артур Конан Дойл, Чеймс Хедли Чейз, Жорж Сименон, Агата Кристӣ, Юлиан Семёнов...
худ аз худ машҳур нашудаанд. «Самаки айёр» дар ин хазина мавқеи сазовору нотакрор дорад ва беҳтарин асари моҷаройист...
Ду қиссаи наве, ки нависанда Шарифбек Азизӣ пешорўйи хонанда боз кардааст, аз талошҳои ҳирфавии ў дар нигориши асарҳоии моҷаройи дарак медиҳад. Баъди мутолиаи ин асарҳо кас ба хулоса меояд, ки нависанда аз таҷриба ва кори соҳаи ҷустуҷўйӣ ба хубӣ бархурдор аст. Медонад, ки бо кӣ чӣ гуна муносибат равост. Яъне донаҳои шатранҷро мувофиқи зеҳну ақл гардиш медиҳад ва хонандаро андаруни воқеот ҳамроҳи худ мебарад.
Қаҳрамононашро табиию самимӣ офарида, олами ботинии онҳоро ба хонанда бозгў мекунад. Дигар ин ки воқеотро бо чашми cap дида, атрофи онҳо таҳлилҳои худро баён месозад ва хонандаро ҳам ба андеша кардан водор менамояд.
Шарифбек Азизӣ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон буда, солҳои зиёдест, ки дар сафҳои ВКД ҶТ кор мекунад. Ҳоло дар деҳаи Сағирдашт, ноҳияи Дарвоз буду бош дорад. Табиист, ки тасвири табиати дилкашу нотакрори кўҳистон ҳам аз килки хомааш дур намондааст. Ҳамдеҳагон ва ҳамкасбони Шарифбек мегўянд, ки ў миёни нависандагӣ дорад. Шаби дароз дар ҳуҷраи вай шамъ месўзад. Вай шабона кор мекунад. Маҳорату малака ва истеъдоди худододии худро ба ҳам оварда, нури чашм кам мекунад, бо умеде, ки як қаҳрамони нотакрори асари моҷаройӣ биофарад. Аллакай гирумон, устухонбандӣ, тарзи баён ва офаридани чеҳраи қаҳрамононаш хонандаро мафтун месозад.
Қаҳрамони марказии ў Акбаршоҳ Абдумаҷидов танҳо дар як қисса фаъолият надорад. Муаллиф ўро дар ҳафт - ҳашт қиссаи дигараш, ки иншоллох, ба дасти хонанда мерасанд, низ овардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор