АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

ТАҚРИЗҲО
Сайидаҳмади ЗАРДОН, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, лауреати мукофоти адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ.
МИЁНИ НАВИСАНДАГӢ1
Ба дарунмояи инсон ворид шудан ва шуридани хамири ў қурбониро талаб мекунад. Офаридани як асари хондании моҷароӣ на камтар аз ин аст. Комилан воқеист, ки ин жанри ҷустуҷўиро хонандаи Ғарб барвақтар қабул карда буд. Зеро олами худро онҳо пештар ба вуҷуд овардаанд. Ва табиист, ки нигорандагони он низ бештар аз миёни ҳамин мардум сабзидаанд.
Вале нуктаи мазкур чунин маъно надорад, ки дигарон ҳуқуқи офаридан ё навиштани асари моҷароӣ надоранд. «Ҷиноят ва ҷазо»-и Достоевский ботил будани андешаи фавқро дар олами моҷаро собит кард ва пеши аклу зеҳни одамӣ рушан намуд, ки ҳунар ғуломи инсон аст. Ва танҳо ҳунарманди закӣ ва дурандеш метавонад «бозии шоҳмот»-ро дар асари моҷароӣ ба ҳисоби хонанда ҳал намояд. Воқеан ин жанр бозии шоҳмотро мемонад. Бозингаре, ки аз рози шоҳмот огоҳ ва аз гашти ояндаи ҳариф бохабар аст, оқубат ба пирузӣ муваффақ мегардад. Дар асари моҷароӣ ҳам нависанда хонандаи худро мисли донаҳои шоҳмот ба бозӣ меорад.
Достоевский гуфта: «Инсон роз аст. Онро бояд кашф кард ва агар як умр ба он машғул шавӣ, нагуйӣ, ки вақтро беҳуда талаф додайӣ. Ман бо ин роз машғулам, зеро мехоҳам инсон бошам». Ин суханонро саромадони адабиёти ҷаҳонии мо ҳанўз пеш аз дигарон бо шеъру ҳикоятҳои латифи худ иброз кардаанд. Ҳаким Фирдавсӣ ва Шайх Саъдӣ намунаи барҷастаи онҳо мебошанд.
Хуб, ҳадаф он аст, ки нависанда рў ба рўйи зеҳн қарор гирифта, дар фазои соҳирона барои кашфи сухан ва инсон талош меварзад. Оё аввалу анҷом дорад он? Ба гумонам, на!
Вале мусаллам аст, ки аз дил мехезаду ба дил менишинад. Аммо беҷустуҷўйи пайвастагӣ, бе заҳмату хуни дил хўрдан сухани нотакрор гуфтан, асари тоза офаридан имконнопазир аст. Дар адабиёт аксар мавзўҳо такрор мешаванд, вале ба сурату сирати тоза овардани қаҳрамонон ҳунару истеъдоди нависандаро тақозо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор