АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Тафтишот низ мўйро аз хамир ҷудо карда, гуноҳи ҳар кадоми ин ҷинояткоронро мувофиқи хизматашон муайян мекард ва баҳои охиронро бояд ба онҳо суд медод. Ва имрўз ҳама дар ҳабсхона нишаста интизори гирифтани баҳои хеш буданд…
Пас аз суҳбат бо Кибирё Нозимова лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид бори дигар зиндагии ин ҷавонзанро пеши назар овард…
Зиндагӣ худ як варақи тозаест ва рангу бораш ба худи шахс вобаста аст. Дурўягӣ, гум кардани шарму ҳаё, маишат ва пулу мол як маҷрои зиндагии Кибирё гашта буд. Ҳамаи ин мисли гирдобест, ки аз он раҳоӣ нест…
Гирдоб… гирдоб чист? Дар баҳр ва дарёҳои азим ҷойе ҳаст, ки об гирд гашта фурў меравад… Ҳатто шиноварони моҳир ҳам аз он канораҷўйӣ мекунанд ва шахсе, ки ба чунин гирдобҳо меафтад, ҷуз ба ҳалокат расидан дигар чорае надорад.
Зиндагии Кибирё низ худ гирдобе буд, ки оқибат ин шиновари ноаслро ба вартааш кашид.
Аслан Кибирё ба ин варта Одиловро тела доданӣ буд, вале чархи гардун худашро тела дод. Мактуби беимзои ў ки ба ёрии милиса фиристода буд, оқибат гиребонгири худаш шуд. Ў барои Одилов чоҳ канду худаш ба чоҳ афтод… Чи тазоде…
Мақоли халқи ҳафт бор чен куну як бор бибур гўё маҳз барои милиса гуфта шудааст. Агар гирд овардани далелҳои шайъӣ худ ҳафт бор ченкунӣ бошад, санксияи прокурор нуқтаи охироне дар ин ченкунист ва онро буриш меноманд.
Қарорро дар бораи ба ҳабс гирифтани Нозимова Кибирё прокурори ноҳия Самадов аз дасти Носиров гирифта хонд, сипас бо нишондоди Нозимова шинос шуда, дар гўшаи рости қарор, дар он ҷойе, ки «Арест сансионируют» навишат шуда буд, имзо гузошт.
Дар асоси пешниҳоди прокурори ноҳияи Сарчашма мушовири адлияи дараҷаи аввал Самадов барои вайрон кардани ҷобаҷогузори кадрҳо раиси ҳукумати ноҳияи Сафедоб Ибодов аз вазифа сабукдуш карда шуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор