АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Субҳи рўзи дигар гўё аз воқеа хабардор шуд, чун дигар ёру дўстони ин хонадон барои Зоҳир ашк рехт ва чанд шаб Наргисро дилбардорӣ кард…
Сипас, ба милиса ёрӣ додан хост ва аз газетаҳои ноҳиявии «Зарбдор», ки аз хонаи Зоҳир баъзан барои хондан мебурд, калимаҳоро бурида, бо як санъати зиёде дар коғази сафеде ширеш карда, ба милиса фиристод.
Акнун бо ин роҳ мехост, ки Одиловро боз ба ҳабсхона фиристад ва худро аз ҷазо озод намояд…
Газетаҳоро ба писари апаш Аваз дод, ки бурда оташ занад, вале Аваз онҳоро ба хонаашон бурда ба ҷўрааш Сайфулло дод ва ба холааш гуфт, ки газетаҳоро оташ задаст…
Одилов дар байни панҷ зан, ки барои шинохтан ба ў нишон доданд, Кибирёро шинохт…
… 31 …
Пас тамокуро кӣ кашидааст? – пурсид Мўсоев аз Сорбони Ҳомид.
– Тамокуро худи Фотима Файзова кашида аст ва ягона чизе, ки аз тафтишот пинҳон кард ин кашидани тамоку буд.
Нақши лабсурхкунаки дар тамоку монда ба худи Файзова тааллуқ дорад…
Эҳтимол ҳамин тамокукашии Файзова сабаби коняк нўшидани соҳибхона гаштааст…
То ҳанўз касе аз кишти ҷав гандум нагирифтааст… ё аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ ва ё ҷўҷаро дар тирамоҳ мешуморанд…
Ва ҳамаи онҳое, ки бар хилофи қонунҳои умумибашарӣ по монданд имрўз ҷойи нишасташонро намеёфтанд. Рўҳи Зоҳир Камол онҳоро осуда нагузошт…
Олимов, Ҳусейнов, Ёғиев, Барзуев, Юлдошев, Маҳмудов алакай дар ҳабс буданд. Аз болои Селезниёва Е.И. қисми парвандаи ҷиноятӣ боз дошта шуда, барои дарёфташ делои ҷустуҷўйӣ оғоз карданд. Қисми дигаре низ дар интизори ҷазо буданд ва охирин тафтишот аз болои ин гурўҳи муташаккил давом дошт. Ҳар як аъзои ин гурўҳ дигарашро дар марги сарбайтор гунаҳкор медонист, вале то ҳанўз қотил муайян набуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор