АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Мебахшед, ки дер мондам,– баробари ба хона омадан гуфт Наргис.
– Эй биё мон, Наргисҷон.
Кибирё боз чанде истода ба хонааш рафт ва тахминан баъди як соат боз ба хонаи Наргис омада хабар дод, ки апаш касал шудааст ва писараш омада ўро дар ин бора хабар кард.
Намедонам чӣ кор кунам Наргисҷон?
– Хайр равед охир,– гуфт Наргис дилсўзона.
– Ин чӣ хел мешавад Наргисҷон? Охир шумо пагоҳ ба курорт меравед, хостам шаб истода чорто чақ– чақ кунем…
Бисту чор рўзи ҷудоӣ ин осон аст магар?
– Инаш ҳам бахти бади ман, вале агар шумо наравед, дили ман ҳам осуда намешавад, охир фарзанди падарро ёфтан осон аст магар ва Наргис худаш Кибирёро то истгоҳ гусел кард.
Ҳамсояҳо ҳам диданд, ки чи тавр Наргис дугонаашро гусел кард. Агар рафту… Кибирё алиби мустаҳкам дорад.
Кибирё фақат як хатто кард, ў намедонист, ки Наргис дар батнаш тифл дорад ва ин ягона хушхабаре буд, ки Зоҳиру Наргис ҳамчун махфияти оила нигоҳ медоштанд ва аз он рўзе, ки Наргис дар духтур аз ин хушхабар дарак ёфт аз нўшидани коняк ба миқдори доругӣ ҳам даст кашид ва маҳз ҳамин кор ўро аз марг наҷот дод…
Субҳи рўзи дигар вақте, ки ба хона омад аз ҳамсояҳо фаҳмид, ки Наргис ба курорт рафтааст. Ҳайрон монд, ки чаро ў конякро барои доругӣ нанўшидааст…
Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтанд, вале дар ки қулф буд, конякро гашта гирифта натавонист. Дар ғами он буд, ки ногоҳ рўзе Зоҳир омада аз коняк нанўшад…
Ва он шабе, ки Зоҳиру Фотима ба хона омада буданд, ў дар хоби маст буд ва нисфи шаб хоби тарсноке диду бедор гашт, давида ба майдончаи ошёнаи чорум баромад ва дари хонаи Зоҳирро нимроғ дид, бо тарсу ларз дарро кушода ҷисми беҷони Зоҳирро болои фарш афтида дид. Дар лаъличае тамокуҳои нимсўхтаро ҳам дид, вале дигар чӣ кор карданашро нафаҳмида, барои аз байн бурдани нақши ҷиноят ҷисми беҷони Зоҳирро бурда аз балкон ба поён партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор