АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

«Вақту соаташ расад иваз намудани шишаҳо он қадар кори душворе ҳам нест»,– аз дил гузаронд Кибирё.
Ў ҳарчанд кушиш кард дар давоми се соли хониш дар бахши агрономии институи хоҷагии қишлоқ Тоҷикистон чизи нағзеро ёд нагирифт, вале доруҳои заҳрдори дар хоҷагии қишлоқ истифода мебурдагиро аз худ кард. Нағз мефаҳмид, ки чунин доруҳоро аз куҷо дастрас намудан мумкин аст. Ва ниҳоят «гранозан» ном доруеро ҳам пайдо кард…
Магар он шахсе, ки илтимоси ин ҷавонзанро ба инобат гирифта, ба ў ин доруро дод ба гўшаи хотир ҳам оварда метавонист, ки шахси бо сад илтиҷо ба наздаш омада чунин мақсадҳои нопок дорад?
Кибирё доруро бурда ҳамоно ба шишаи коняки овардааш рехт ва мунтазири фарорасии он рўзи «нек» шуд.
Ва ниҳоят таърихи амалёташро ҳам муайян кард. Чун фаҳмид, ки Зоҳир бегоҳӣ шанбе намеояд ва Наргис рўзи шанбе худаш танҳо ба Хоҷаобигарм меравад, амалётро ба бегоҳӣ шанбе таъин кард…
Бигузор Зоҳир фаҳмад, ки Наргис дар набудани ў ба хона марди бегона меовардааст.
Тамоми рўзи ҷумъа ў аз назди дугонааш дур нарафт.
Лаҳзаи муносиб меҷўст то шишаи худро бо шишаи хонаи Наргис иваз намояд. Сабру тоқат ҳар киро ҳам ба мақсад мерасонад ва Кибирё низ фарорасии он лаҳзаи муносибро бо чашми худ дид.
Вақте ки дугонаҳо машғули суҳбат буданд, нохост духтарчаи ҳамсоя аз ошёнаи якум омада гуфт, ки холаи Наргис шуморо дар телефон мепурсанд…
Кибирё агар имконият медошт хеста он духтаракро мучӣ мекард, охир ў ҳеҷ гумон надошт, ки кор чунин ранг мегирад.
– Кибирёҷон як дам истед, ман ҳозир гашта меоям, – гўён Наргис аз қафои он духтарак ба ошёнаи якум шитофт. Кибирё ҳам аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, хеста аз ошхона он шишаи конякро гирифта ба хонааш рафт ва коняки худро ки пур буд қисмашро ба ванна рехта, баробари он намуд ва барои он ки изи дастонаш намонад, бо коғазе дошта ба хонаи «дугонааш» овард ва ба ҷойи он коняк гузошт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор