АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Гуфтам– ку одами бад нест, вале шахси аз ҳабсхона озод шударо бо ҳар баҳона дар кор ҳам намегиранд. Ин кас бошад бо ёрии бевоситаи милисаҳо дар заводи мо ба кор даромад.
Коргари бад нест, вале фақат дар сменаи якум кор мекунад.
Милисаҳо шабона кор карданашро иҷозат надоданд,– якбора «ҳисобот» дод Лола.
– Чаро шабона кор карданашро иҷозат надоданд?
– Надонам,– китф ба ҳам кашида гуфт Лола.
– Зану фарзанд, ки надорад, ҳоло дар куҷо зиндагӣ мекунад?
– Дар хобгоҳи корхона.
Ниҳоят автобус омад ва Лола савор шуд ва Кибирёро низ ба меҳмонӣ таклиф кард.
– Ташаккур Лолаҷон, агар имконият шавад ягон рўз меоям, ба язнамулло салом гўйед.
Чун автобус рафт Лола ҳам аз истгоҳ дур шуд.
«Ана, бо дасти ҳамин ҳамкори Лола Наргисро ба қатл расонидан лозим. Барои ў фарқаш чӣ зану фарзанд надоштааст.
Дар хобгоҳ зиндагӣ мекардааст. Ҳабсхона ҳам хобгоҳ аст.
Ташвиши рўзгор он ҷо камтар. Ман бошам бе Зоҳир зиндагӣ карда наметавонам.Зоҳир ҳам баъди як– ду моҳ Наргисро фаромўш хоҳад кард. Охир дар набудани шавҳар марди бегонаро ба замми ин шахсе, ки чанд маротиба суд шудааст ба хона овардан хуб аст? Барои як коняки панҷситорадори арманӣ шуда, нафси ҳалол оне ки танҳо ҳангоми никоҳ ба шавҳар бахшидаӣ ба ў бахшидан аз рўйи инсоф аст? Ана ин аст натиҷаи хиёнат ба шавҳар. Акнун Зоҳирро ба ман монда рафтанат лозим меояд», аз дил гузаронд Кибирё.
Ниҳоят баъди ду рўз нақши дастони он мардеро ки дар истгоҳ ҳамроҳи Лола дида буд, дар шишаи коняки панҷситорадори арманӣ гирифт. Айнан ҳамин навъ коняки панҷситорадори арманӣ дар хонаи Зоҳир буд ва ҳамсараш ҳаррўз барои доругӣ аз он истеъмол мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор