АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳеҷ дар ёдам нест, ки ягон бори дигар мо вохўрда бошем,– гуфт Кибирё ва меҳмонро ба хона таклиф кард…
– Хайр маро дар куҷо дидед?– баробари вориди хона гаштани меҳмон пурсид Кибирё.
– Шуморо дар кўча дидам ва қариб буд, ки дар таги автомашина монам.
– Эй худо нигоҳ дорад.
Ниҳоят Сорбони Ҳомид худро муаррифӣ карда Кибирё Нозимоваро ба милиса овард. Баъди нағмаҳои зиёд Кибирё ҳодисаҳои як моҳи охирро ба хотир оварда, ҳатто дар баёноташ низ онҳоро навишт…
… 30 …
Дар яке аз рўзҳои моҳи июл Кибирё аз кўча гузашта истода, дар истгоҳи Боғи марказӣ дугонааш Лоларо дид, ки бо марди 45–50 солае суҳбат дорад. Ў дар паҳлўи чаноре истода ҳардуро хело тамошо кард. Агар Лола бо он мард ҳам мерафт барои ў фарқе надошт. Троллейбус омаду он мард савор шуда рафт. Дигар дар «камингоҳ» истодан маъние надошт ва Кибирё ба назди дугонааш омад. Лола ҳамоно дар истгоҳ интизори омадани ягон намуди нақлиёти дигар буд.
– Лолаҷон чунон бо он марди зебо суҳбати ширин доштӣ, ки ҳатто ба наздатон омадан ҳам натавонистам.
– Ҳа, як ҳамкори навамонро дидам, одами нағз, вале зиндагӣ барояш ниҳоят вазнин афтодааст.
– Чӣ хел?
– Нав ду– се моҳ шуд, ки аз ҳабсхона озод шудааст. Синаш ба ҷойе расида бошад ҳам, вале то ҳанўз зану фарзанд надорад.
– Чи як умр дар ҳабсхона будааст?
– Ба фикрам се – чор маротиба суд шудагӣ.
– Пас чӣ хел ҳамроҳи шумо кор мекунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор