Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин нўшидани Наргис ягона умеди аз байни бардоштани ў гашт ва Кибирё амалӣ гардонидани ин нақшаашро ниҳоят устокорона истифода бурд. Даҳони пўшида сад тилло гуфтаанд, вале на дар ҳама ҳолат ва маҳз ҳамин беҷуратӣ Зоҳирро ба марг овард.
«Таваккал нар бувад андеша мода». Шахсеро ёфтан душвор аст, ки боре дар зиндагӣ ин мақолро сармашқи кори худ накарда бошад. Далерӣ ва боҷуръатӣ ҳамеша зеби мардон аст.
Агар Зоҳир Камол аз лаҳзаҳои аввали қонуншиканӣ дар совхози «Заргар» мавқеи бетарафиро ишғол намекард ва то корд ба устухонаш расидан тоқат намекард ва чун баромади охиринаш, ки қиёматро ба по хезонд ҳамин хел гап мезад, гурўҳи муташаккили ҷинояткорон ин қадар бебокона қадам намегузоштанд…
Кӣ медонад оқибаташ чӣ мешуд? Танҳо марги ў сабаб шуду ба фаъолияти ин гурўҳи ҷинояткор нуқта гузошт.
Пинҳон доштани рафторҳои Кибирё аз ҳамсар боиси устувортар мондани қадамҳои ҳамсоя гашт ва аз рўйи тасоддуф ба ҷойи Наргис ў худ шаҳди маргро чашид, яъне зиндагӣ барои беҷуръатиаш ўро ҷазо дод…

Ба рўйи Сорбони Ҳомид ҷавонзани сӣ–сиюпанҷсолае дарро кушода пурсид:
– Ба шумо кӣ даркор?
– Кибирё.
– Ин ман,– гуфт ҷавонзан.
– Медонам,– гуфт лейтенант.
– Ман шуморо бори аввал мебинам,– гуфт ҷавонзан.
– Ман бошам бори дуюм шуморо мебинам.

пешина
аз 416
навбатӣ