АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ҳар чанд ўро дар институт кашола карданд нашуд ва дар курси сеюм кафшашро пеши по монданд.
Панҷ моҳ пеш ба ҳамсоягии Зоҳир Камол кўчида омад ва чун аз аҳволи ин оила хабардор шуд, фикрҳои хоме чун гирдбод ба сараш зад.
«Бо ин беваи сарқоқ умратро хазон кардан шарт аст», сар деҳ ўро наход, ки ман аз ў бадрўйтар бошам,– гуфт боре ба Зоҳир.
– О, чаро чунин гапҳо мегўӣ? Охир Наргис туро ҳамчун дугона аз ҷонаш дўсттар медорад ва ту ба ҷойи хоҳарам бошӣ ,– гуфт Зоҳир.
– Ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки ту бародарам бошӣ ва дигар ин гапҳоро аз сарат дур кун. Ман орзу дорам, ки ту ҳамсарам шавӣ ва ман бароят як хонаро пури бача намоям. Мехоҳам туро дар ҳалқаи фарзандонат бинам… Ў дастонашро ҳалқа карда Зоҳирро ба оғўш гирифт…
Зоҳир бо як азобе худро аз оғўши ў раҳо кард. – Ин корат нағз не,– гуфт Зоҳир.
– Маълум ки то ҳанўз мазаи оғўши гармро надидаӣ, вагарна маро аз оғўшат сар намедодӣ гуфт Кибирё.
Зоҳир дар ин ҷо ҳам беҷуръатӣ намуд ва ин гапҳои Кибирё ро ба Наргис нагуфт.
«Хомўшӣ нишонаи ризоят аст» гуфтанд дар урфият.
Кибирё низ дид, ки Зоҳир ба ҳамсараш дар ин бора чизе нагуфтааст муносибаташро бо Наргис беҳтар кард. Ба назар менамуд, ки бе ў як култ об аз гулўяш намегузарад. Ҳар чанд кўшид, ки Зоҳир аз ҳамсараш даст кашад, нашуд. Ягона умедашро дар нобуд кардани Наргис медид.
Кибирё ҳамаи хулқу автори Наргисро омўхта буд. Кам – кам коняк нўшидани Наргисро ба ғайр аз шавҳар танҳо ў медонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор