АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ҳарчанд то ҳанўз охири кор муайян набуд ва қотил дар озодӣ мегашт, вале маълум буд, ки дарё маҷрояшро дигар кардааст…
Дар маҷлиси оперативӣ баъзеҳо ваколатдори кофтукови ҷиноятиро барои назарияи пешниҳодкардааш: «қотилро аз «Заргар» ҷустан лозим» ба зери тозиёнаи танқид гирифтанд.
Қисме хомўширо алвотар дониста ҳарфе нагуфтанд, чунин шахсонро Сорбони Ҳомид чашми дидан надорад, онҳо ҳамеша палаи тарозуро нигоҳ мекунанд ва назарияи сардорро дар ҳама ҳолат тарафдоранд, хоҳ бад бошаду хоҳ нек.
Мўсоев ҳарфе нагуфт ва лабайгўёнаш ҳам сухани худро нагуфтанд. Ва ниҳоят Орзуев сухан гирифт. Ў гуфт, ки дар рафти гузаронидани корҳои оперативӣ ва тафтишотӣ хаттои ҷиддие содир нашудааст.
Дар «Заргар» ҷўстани қотил? Ҳарчанд қотил дастгир нашудааст, моро бо гурўҳи калони ҷинояткорон рў ба рў кард ва бо ин роҳ мо механизми пурқуввати гурўҳи калони ҷинояткорро шикастем. Аллакай, шаш нафар ба ҳабс гирифта шудааст ва гуноҳи қисми дигар дар арафаи собитшавист. Оё ин бад аст? Маҳз марги Зоҳир Камол моро ба роҳи рост ҳидоят кард. Ба давлат бо он васила мо чи қадар даромад овардем ва дар ин ҷода хизмати ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид аз ҳама бештар аст. Кош дар идораи мо сафи чунин ҷавонон бештар гардад….
Кибирё Нозимова баъди хатми мактаби миёна ба бахши агрономии институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуд.
Ҳанўз курси якумро хатм накарда, ба шавҳар баромад. Аз тўяш шаш моҳ нагузашта писардор шуд ва пас аз таваллуди фарзанд шавҳараш ўро партофта ба Россия рафт ва дигар ўро суроғ ҳам накард…
Баъди як сол ў аз нав ба шавҳар баромад ва се соли расо бо ў зиндагӣ карда ва ниҳоят ба ҷон омада шавҳарро партофта, ҳамроҳи як марди Озорбойҷонӣ ба Боку рафт ва танҳо баъди панҷ сол орзуи ватан карда, ба диёраш баргашт.Чанд сол ҳаёти озодро ихтиёр кард ва ба қавле шарбати чунин зиндагиро ҳам чашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор