АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Чанде пас Наргис Кибирёро гуселонида ба хонаи хоб омад. Зоҳир хомўш буд. Ин беҳурматии шавҳар нисбат ба ҳамсоя дили Наргисро шикофта буд, ки гуфт.
– Наход он қадар монда шуда будӣ, ки як лаҳза дар сари дастурхон истода натавонистӣ? Агар замин мекафиду ман медаромадам беҳтар буд аз ин хел нописандӣ. Чи хаёл мекунӣ ки Кибирё гўшна буду ба хонаи мо омад,– шурида гуфт Наргис.
– Умуман, ҳамсояи нав ба ман маъқул нашуд,– гуфт Зоҳир.
– Маъқул бошад, ё не фарқе надорад, вале иззати меҳмонро пос доштан бад нест, ё то ҳанўз нашунидаӣ, ки мегўянд:
«Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳ».
Зоҳир ҳақиқати гапро нагуфт, нахост Наргисро аз дугонааш ҷудо кунад. Фикр кард, ки Кибирё хатояшро мефаҳмаду чунин фикрҳои бадро аз сараш дур мекунад. Зоҳир хатто кард. Кибирё на ин ки фикри бадро аз сараш дур кард, балки ишқи Зоҳирро дар дилаш ҷо кард ва борҳо дар ин бора бо Зоҳир арзи дил намуд. Кибирё низ чун Махсум буд ва ба ғайр аз шаҳват фикре ба сараш намеоамад. Ў низ борҳо дугонааш Наргисро дар назди шавҳар ба безурётӣ муттаҳам карда буд.
Кибирё ба Зоҳир чӣ ваъдаҳое накард ва дид ки Зоҳир аз Наргис дил канданӣ нест, барои ба мақсади нопоки худ расидан нақшае кашид…
… 28 …
Воқеаҳои рўзҳои охир қариб назарияҳои пештараро оид ба марги Зоҳир Камол тағир дод. Сорбони Ҳомид низ ақидаҳои пештараашро нисбат ба марги сарбойтор ҳимоякарда наметавонист. Ва барои ҳимоя ҳам ҳоҷате намонда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор