АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Наргис дастархон густурда Кибирё ва Зоҳирро ба сари дастархон таклиф кард.
Азбаски Зоҳир ду ҳафта боз дар Сафедоб буд Наргис баъди аҳволпурсии шавҳар худаш оид ба воқеаҳои рухдода дар давоми ин ду ҳафта ба шавҳар маълумот дод. Аз ҳама воқеаи фаромўшнашаванда ин ба ҳамсоягиамон кўчида омадани ҳамин Кибирёст. Акнун дар набудани ту ман байни ин деворҳои сангин танҳо наистода ҳамроҳи Кибирё суҳбат мекунам. Ба тарзи дигар гўем, ў акнун барои ман дугона ва барои ту хоҳар ҳисоб мешавад.
– Хеле шодам, ки ту чунин дугона ёфтаӣ,– гуфт Зоҳир.
Кибирё дар ҳақиқат духтари хушчақчақ будааст ба зами ин табиат ягон чизро аз ў дареғ надошта буд: қаду қомат ва ҳусну малоҳати ҷавонзан худ як ҷаҳоне буд. Холи бари рухсораш бошад ба ин ҳусни азалӣ боз як ҳусне зам мекард. Нигоҳи ҷавонзан ба дили ҳар як мард ханҷар мезад, ба қавле морро аз хонаш мебаровард ва ба ин худи Кибирё ҳам итминони комил дошт. Ҳангоми суҳбат дар сари дастархон Зоҳир чанд маротиба нигоҳи ҷаззоби ҳамсоязанро ҳис карда, худаш нигоҳашро аз нигоҳи харидори Кибирё гурезонд.
Лаҳзаи аввал Зоҳир фикр кард, ки шояд дар назараш намуда бошад, вале вақте ки Наргис ба ошхона рафт Кибирё ба ў ду бор чашмак зад…
Чунин зани берўйро Зоҳир бори аввал медид, хост меҳмонро насиҳат намояд, ки ҳурмати худро нигоҳ дорад, вале Наргис аз ошхона баргашту сухани Зоҳир ногуфта монд.
Аз ҳама аламовараш он буд, ки Наргис Кибирёро барои Зоҳир ҳамчун хоҳар муарифӣ карда буд ва лаҳзае пас хоҳар ба бародар чашмак зад.
Танҳо ба ҳурмати ҳамсараш ў боз каме дар сари дастархон нишаст ва ниҳоят мондашавиро баҳона карда, фотиҳа хонд ва ба хонаи хоб рафт.
«Мегўянд, ки харбуза аз харбуза ранг ва ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегирад», ба шафти боми хона нигариста аз дил гузаронд Зоҳир.
«Худоё, Наргиси маро аз чунин пандиҳандагон нигоҳ дор.
Наход Наргис то ҳоло мақсади бади ҳамсояро пай набурда бошад. Охир ў ба донишҷўён дарс мегўяд, наход психологияи Кибирё ва Кибирё баринҳоро нафаҳмад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор