АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Оё чунин рафтор ба шаъни зани тоҷик, ба шаъни мусулмон зебанда аст, мепурсид ў аз тафтишот. Файзова исбот карданӣ мешуд, ки Алиева қотили шавҳар аст ва бояд ҷазояшро гирад. Аз Хоҷаобигарм то Душанбе он қадар роҳе нест, ба замми ин агар Алиева аз хизмати таксӣ истифода бурда бошад метавонист, ки баъди соати даҳи шаб аз курорт омада мақсади нопокашро амалӣ гардонда, боз то субҳ он ҷо ба равад, то мардуми дар истироҳатгоҳ ўро бубинанд, яъне барои худаш алибӣ тайёр намояд. Файзова талаб мекард, ки Алиева дар ин ҳамин ҷо ба ҳабс гирифта шавад, то ки ба рафти минбаъдаи тафтишот халал нарасонад. Донишҷў инчунин худашро низ барои буздилӣ ва тарсончакиаш айбдор шуморида иброз намуд, ки тайёр аст, ки барои ҷиноятро пинҳон намуданаш дар назди қонун ҷавоб диҳад…
Носиров дар асоси қонун Алиева ва Файзоваро рў ба рў намуд. Ҳарду ҳам нишондодҳои аввалаашонро ки бо дасти худашон дар протоколи пурсиши шоҳид дарҷ намуда буданд, бори дигар тасдиқ карданд.
– Ҳолатҳои корро санҷида мебароем,– гуфт муфаттиш ва ҳардуро ҷавоб дод. Ин рафтори муфаттиш ба Файзова маъқул нашуд…
– Ман талаб мекунам, ки ин касро (ў ба Алиева нигариста) ба ҳабс гиред, бори дигар талаб кард Файзова.
– Тафтишот ҳамаашро ҳал мекунад, – ба шумо ҷавоб гуфт Носиров
Вақте ки онҳо аз прокротура баромаданд, аллакай офтоб ба ғуруб рафта буд…
… 27 …
Ин ҳодиса тахминан панҷ моҳ пеш буд. Он бегоҳ Зоҳир ба хона дертар баргашт ва ҳамроҳи Наргис зани ношиносеро дар хона дид.
– Ин кас ҳамсояи навамон Кибирё ўро ба шавҳар шиносонд зан.
Зоҳир ҳатто даст надода, ҳамон хел салом гуфта, бори дигар ҳамсояро хайра мақдам гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор