Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо баёнотҳояшро гирифтем ва лаҳзае пеш ҳамроҳи Сорбони Ҳомид онҳоро ба назди шумо фиристодам.
Садои ба дар ангушт заданро шунида, – марҳамат дароед гуфт Носиров ва яку якбора ба утоқи кориаш ду зан ва Сорбони Ҳомид ворид шуданд.
Мўсоев, ки аз гўшаки телефон суханони муфаттишро шунид пешдасти карда хуш бошед,– гўён гўшакро ба ҷояш гузошт.
Муфаттиш низ гўшакро ба ҷояш гузошта омадагонро ба нишастан таклиф кард…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба таври кутоҳ мақсади ташрифи занҳоро арзёбӣ кард. Ҳарчанд муфаттиш алакай мақсади ташрифи онҳоро медонист, вале сухани лейтенантро набурид ва то охир ўро гўш карда, сипас барои тақвият додани фикр ба онҳо савол дод. Муфаттиш пас аз аниқ кардани моҳияти кор дар ду протоколи пурсиши шоҳид анкетаи ҳардуро навишта барои надодан ё дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ Алиева Наргис ва Файзова Фотимаро огоҳ намуда, имзояшонро гирифт ва протоколҳоро дар мизҳои алоҳида наздашон гузошта гуфт ки ҳар он чи оид ба марги Зоҳир Камол медонанд, нависанд…
Нишондоди ҳар кадоме нисбат ба якдигар характери айбдоркунӣ дошт…
Наргис Алиева донишҷў Файзоваро барои сабукпойӣ айбдор намуда, фикри худро бо он асоснок менамуд, ки агар Файзова зарае виҷдону имон медошт шабгардӣ намекард ва ба зами ин бо марди ношинос ба хонаи бегона намерафт.
Ҳамчунин ў фикри худро тақвият дода, донишҷўйро ба он айбдор мекард, ки дар давоми бисту шаш рўз ҷиноятро пинҳон карда ва ба ҷойи он ки ба милитсия омада арз намояд, бо мақсади ғаразнок шантаж ба назди шахсе, ки аз рўйи фикраш қотили шавҳараш мешуморад, ба гуфтушунид намеомад…
Файзова бошад Алиеваро ба он муттаҳам карданӣ мешуд, ки маҳз ў ба шишаи коняк заҳр андохта, шавҳарашро ба қатл расонд, ба замми ин ба мақсади пинҳон кардани нақши ҷиноят ў ҷисми беҷони шавҳарро аз ошёнаи чорум ба поён партофт ва ин ҳодиса дар байни ним соат рух дод ва ў шоҳиди ин воқеа буд. Донишҷў инчунин муаллимаро ба он айбдор мекард, ки чи хел ў агар мақсади бад намедошт ба курорти Хоҷаобигарм танҳо мерафт.

пешина
аз 416
навбатӣ