Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пас аз ин ман аз камингоҳам берун шуда, ба тарафи хонаи холаам рафтам…
– Пас чаро дар ин бора ба милитсия хабар накардед?
– Инро ба шумо фаҳмондан душвор…
– Не, гап занед,– гуфт муаллима.
– Ба хотири он тифле, ки дар батнатон ҳаст ва худораҳматии Зоҳир – ака ба номаш аллакай ифтихор дошт, ман ба куҷое арз накардам ва танҳо имрўз фаҳмидам, ки он зан шумоед ва акнун тайёрам, ки шуморо бурда ба милиса супорам.
Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки зани Зоҳир – ако ин хел «гандумнамои ҷавфурўш бошад».
– Акнун шумо маро не, балки ман шуморо ба милиса мебарам, – гуфт Наргис ва ҳарду аз донишгоҳ баромада, ба тарафи милиса равон шуданд ва ҳарки гумон дошт ҳамроҳашро бурда истодааст…

… 26…

Дар асоси қарори шумо аз 29 август мактуби беимзо, ки ба ШКД–и ноҳияи Сарчашма фиристода шудааст, бо газетаҳои ноҳиявии «Зарбдор», ки дар матбааи ноҳияи Сафедоб чоп шудаанд ва онҳоро нозири минтақавии ноҳияи Сафедоб лейтенанти калони милиса Асоев рўзи 28 август аз хонаи Қудратов Файзулло гирифтааст муқоиса намудем. Ҳангоми муқоисакунӣ муайян карда шуд, ки матни мактуби дар боло зикршуда маҳз аз газетаҳои ба экспертиза фиристодашуда бурида гирифта шудаанд… имзо эксперти хатшиноси Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоибова М. 1.09 соли …
Носиров мактубро ба гўшаи миз гузошта, ба Мўсоев занг зада аз натиҷаи экспертиза хабар дод… Андак сабр кунед аз инаш аҷибтарашро мебинед.
– Чӣ хел? – пурсид Носиров.
– Чанде пеш ба назди ман Наргис Алиева ва як донишҷў омада буданд, ки дар марги Зоҳир Камол ҳамдигарро гунаҳкор месозанд.

пешина
аз 416
навбатӣ