Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ягон бор номи маро бе истифодаи калимаи хоҳарам нагирифт ва хело насиҳат намуд, ки барои духтари қадрас шабона гаштан кори хуб нест. Чун ман боварӣ ҳосил кардаам, ки ў одами бад нест аз фарзандон ва ҳамсараш пурсон шудам. Ў қариб буд, ки аз шумо фаришта тарошад… Гуфт, ки даҳ сол боз дар орзуи фарзандем ва бо амри худои таоло ба наздикӣ фарзандор мешавем…
Нохост чизе ба ёдаш расиду рафта як шишаи конякро ки аз нисфаш камтар дошт овард. Аз ман пурсид, ки менўшӣ, гуфтам не. Ман ҳам дар навбати худ пурсидам ва оё ҳамсаратон менўшад. Зоҳир– ака гуфт, ки барои доругӣ баъзан менўшад.
Сипас, дар пиёлае ба ман ҷой рехта ба худаш коняк рехт ва хеле сухани зебое гуфт ва ҳарду қадаҳоро бардоштем. Баробари нўшидан ў оҳ гуфта ба рўйи фарш афтид…
– Чӣ хаёл мекунед, ки ман барои ў заҳр тайёр карда мондам,– гуфт муаллима.
– Бе хаёл ҳам бояд ҳамин хел бошад, ба замми ин ҷисми беҷонашро боз ба поён партофтед…
– Бас кунед, нафаҳмида чаро тўҳмат мекунед?
– Туҳматгар ба ғазаби Худо дармонад ва ман ончиро ки дидам ҳамонро мегўям…
– Шумо дар куҷо будед?
– Чун Зоҳир– ака афтид, ман ўро ба пушт хобонда, дилашро молиш додам, вале натиҷае надод. Аз хона баромада ба ҷустуҷўйи телефон рафтам. Охир ман наметавонистам, ки ҳамсояҳоро бедор кунам.
Ду квартал рафтам, вале телефонҳои он ҷо ҳам кор намекарданд. Ва боз баргашта ба хонаатон омадам.
Гарчанде ҳама дар хоб буданд ман боэҳтиёт аз таги тирезаҳо ҳаракат кардам ва нохост ба касе бархўрдам, хостам дод занам, вале овозам набаромад. Гашта нигоҳ кунам ҷасади Зоҳир– ако. Инашро ман интизор набудам. Охир ў дар пеши чашми ман ҷон дода буд, пас чи хел омада худашро ба поён партофтааст?
Аз тарси он ки касе маро он ҷо набинад, аз ҷойи ҳодиса гурехтам. Сипас, боз ба ҷустуҷўйи телефон рафтам ва ба беморхона телефон карда адресро гуфтам, ки дар хонаи рақами …зане сахт бемор аст ва чун машинаи «Ёрии таъҷилӣ» омад, ман аз гўшае дидам, ки онҳо ҷасади Зоҳир – акоро диданд ва лаҳзае пас тахминан бист дақиқа пас милитсия ҳам ба ҳамон тараф омад…

пешина
аз 416
навбатӣ