Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар ин нисфи шаб ба куҷо равонӣ?– пурсид Зоҳир.
– Ба хонаи холаам.
– Биё шуморо то онҷо гусел кунам.
– Бо ин аҳвол рафта наметавонам, ҳар хел гапҳо шуданаш мумкин.
– Пас чӣ кор кунем?
– Надонам китф ба ҳам кашид духтарак.
– Ба хонаи мо меравӣ?
– Дигар илоҷ нест.
– Онҳо хомўшона то ошёнаи чорум баромаданд ва Зоҳир дарро кушода чароғ даргиронд ва меҳмонро ба хона таклиф кард…
– Чӣ дар хона ягон кас нест?
– Нест.
– Набошад маро гусел кунед.
– Чӣ хаёл мекунед, ки аз борон гурехта ба зери барф мондед? Шумо ба ҷойи хоҳарам бошед.
Дили духтар каме ором шуд.
– Номатон чист?
– Фотима.
– Бисёр хуб, хоҳари азиз Фотима, акнун ба хона гузашта аз ҷевон аз либосҳои янгаат ягон тоашро гирифта пўш, онҳо барои ту каме дарозтаранд, вале боке нест, охир куртаатро ҳам духтан лозим меояд…
– Пас чӣ шуд,– пурсид Наргис.
– Ман аз ҷевон як куртаи шуморо гирифта ба ванна даромадам ва пас аз каме худамро ба тартиб даровардан онро пўшида ба хона баргаштам. Зоҳир– ака дар ошхона ҷунбуҷўл доштанд. Азбаски курта ба ман он қадар шинам набуд (аз рўйи калониаш) худашон ба хона даромада, мошинаи дарздўзиро бароварданд ва гуфтанд ки куртаамро дўзам. То ман куртаамро дўхтам, ки онҳо хўроки сабук тайёр карданд. Сипас, ман боз ба ванна даромада тағири либос кардам ва куртаи шуморо бурда ба ҷояш гузоштам. Зоҳир– ака омада мошинкаи дўзандагиро низ бурда ба ҷояш гузошт. Сипас гуфт, ки хоҳарҷон куртаи атлас ба шумо зебанда аст. Ва маро ба ошхона таклиф кард.

пешина
аз 416
навбатӣ