АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Густохии ин духтараки маҳмадоно ба мағзу устухони Наргис расид, вале ба мақсади муайян кардани ҳолатҳои кор ў тоқат кард ва пурсид:
– Аҷиб дар куҷо шавҳари ман бо шумо ин хел рози дил кард?
– Дар хонаатон, шаби пеш аз маргаш…
Вуҷуди Наргисро ларза фаро гирифт, наход Зоҳир…
– Нисбат ба худораҳматии шавҳаратон фикри бад накунед.
Агар дар дунё се марди бузург бошад яктоаш Зоҳир– ака буд, агар ду шахси бузург бошад ҳам яктоаш ў буд ва агар як марди бузург буд, худи худи – Зоҳир ака буд.
– Ҳама мардони бузург ба хонаашон зани бегонаро бурда, сири хонадонашонро мекушоянд,– киноя карда гуфт Наргис.
– Зане ки дар шишаи коняк барои шавҳараш заҳр андохта, худ ба курорт меравад оё ҳуқуқи гуфтани чунин кинояҳоро дорад? – паст наомада гуфт донишҷў.
– Чӣ гуфтӣ? – ғазаболуд пурсид Наргис.
– Он чи ки шунидӣ?
– Наход гумон кунӣ ки ман?
– Бегумон ҳам ман шоҳиди воқеа будам.
– Чӣ хел?
Он субҳ Зоҳир Камол ба автомашинаи роҳгузаре нишаста, роҳи шаҳрро пеш гирифт. То қарибиҳои нисфирўзӣ онҳо зиёда аз нисфи роҳро тай намуданд. Ва ронанда гуфт, ки агар вақташ бошад якҷоя ба деҳа рафта, як сари қадам қибалгоҳашро зиёрат намоянд.
Зоҳир бе ягон дудилагӣ розӣ шуд. Падару модари Шамсиддин ронандаро чунин ном буд, онҳоро то бегоҳ маън карданд…
Сипас онҳо ба роҳ баромада соатҳои битсту ду ба шаҳр расиданд. Зоҳир дар истгоҳе фаромада, ба автобуси шаҳрӣ нишаст ва як истгоҳ пеш аз хонааш (бинобар он ки автобус самти ҳаракаташро тағир дод фаромад). Аз роҳ гузашта истода овози имдодхоҳонаи занеро шунид, ки мегуфт ёрӣ диҳед. Зоҳир Камол ба тарафи овоз давида се нафарро дид, ки духтареро ба тарфи торикии боғ кашола доранд. Зоҳир бо он се авбош ниҳоят афту дарафт карда, духтарро аз чанголашон раҳо кард.
Духтарак мисли барги бед меларзид. Таги чашми духтарак аз мушти авбошон сиёҳ шуда буд, пеши куртааш кандагӣ буд ва духтар аз хиҷолат онро бо дасташ медошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор