Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў рўзи аввали таҳсил аз забони Гиёте аз забони оне ки Ҳофизи Шерозиро устоди худ хондааст ба шогирдон дарс дод.
Дар яке аз танаффусҳо духтараки малламўйе наздаш омада гуфт, ки сухане гуфтанӣ дорад.
– Марҳамат гап занед,– гуфт Алиева.
– Фақат ин ҷо не,– гуфт донишҷў.
– Майлаш, пас аз дарс ба кафедра биёед.
– Хуб шудааст,– гўён духтарак аз ў ҷудо шуд.
Ҳамин вақт занги даромад садо дод ва донишҷўён ба аудиторияҳо даромаданд. Муаллима ҳам аз кафедра китобҳояшро гирифта, озими яке аз аудиторияҳо шуд.
Занги охирон садо дод, ҳама баромада рафтанд. Мудири кафедра пурсид, ки муаллима нияти рафтан надорад?
– Каме корам ҳаст,– гуфт Алиева.
– Набошад мондани калидро дар даромадгоҳ фаромўш накунед? – гўён мудири кафедра ҳам баромада рафт.
Лаҳзае пас ҳамон духтараки малламўй рухсат пурсида, вориди кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ шуд.
– Гўшам ба шумо,– гуфт Алиева…
Духтарак ҳамоно хомўш буд.
– Гап занед, чаро хомўшед?
– Мебахшед, дар батнатон тифл доред,– пурсид донишҷў.
– Фарз кардем, ки ҳа,– гуфт муаллима ва ин берўгии духтарак ўро ба шигифт овард.
– Ба ман аниқаш даркор, чунки танҳо пас аз ин ман суҳбат кардан ё дар ҳамин ҷо ба суҳбат хотима гузоштанро ҳал мекунам.
– Ҳа,– гуфт муаллима ва дар навбати худ пурсид, ки инро аз куҷо медонед.
– Аз забони худи шавҳаратон шунидам.
– Чӣ ў ба худи шумо гуфт?
– Бале.
– Ҳеҷ бовар намекунам.
– Ман шуморо маҷбур намекунам.

пешина
аз 416
навбатӣ