АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Чун вориди бинои милиса шуд навбатдор барои ҳурматаш аз ҷой бархест ва ўро то утоқи кориаш гусел кард.
– Сорбони Ҳомидро гўед ба назди ман дарояд?
– То ҳанўз аз «Заргар» барнагаштааст, рафиқ сардор.
– Чун омад гўед, ки ба назди ман дарояд,– бори дигар таъкид кард Мўсоев.
– Хуб шудааст,– гўён навбатдор рухсат пурсида берун баромад.
Соате пас Сорбони Ҳомид ҳам расида омад ва чун аз навбатдор фаҳмид, ки сардор ўро интизор аст рост ба назди Мўсоев рафт.
Мўсоев ҳисоботи кори якрўзаи Сорбони Ҳомидро ба «Заргар» шунида, ба гузориши нозири минтақави ШКД–и ноҳияи Сафедоб лейтенанти калони милиса Асоев шинос шуд.
Далелҳои шайъӣ (газетаҳоро) ва протоколи гирифтани онҳоро аз назар гузаронида, баёноти ноболиғ Қудратов Сайфуллоро хонда баромад ва ниҳоят сар бардошта пурсид:
– Ба фикрат ин газетаҳо ягон натиҷае медиҳанд?
– Пешакӣ чизе гуфта наметавонам, рафиқ подполковник.
– Бисёр хуб. Дар чунин корҳо пешакӣ хулоса баровардани аблаҳист.
– Худи ҳозир ба назди Носиров равед ва бигузор қарор бароварда онҳоро ба экспертиза фиристад.
Сорбони Ҳомид коғазҳои овардаашро аз рўйи мизи кории Мўсоев гирифта, барои рафтан рухсат пурсид.
Вақте ки ба прокротура омад Носиров дар тараддуди хонаравӣ буд.
Муфаттиш лейтенантро дида, аз нав ба курсиаш нишаста гуфт:
– Гўшам ба шумо лейтенант.
Сорбони Ҳомид ҳуҷҷатҳои дар дасташ бударо болои мизи кории Носиров гузошта, ба таври кутоҳ фикри худро баён намуд…
… 25 …
Рўзи якуми сентябр муаллима Наргис Алиева ба донишгоҳ
омад. Шогирдон ва ҳамкорон бинобар фоҷиаи ба сари хонадонаш омада ба муаллима изҳори ҳамдардӣ байён намуданд ва аз худои таоло барояш сабри ҷамил орзу карданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор