Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соатҳои 2315 дақиқа автомашинае дар назди бинои шурои деҳоти Заргар истод. Нозири минтақавӣ Асоев ба берун баромад. Аз автомашина Сорбони Ҳомид фаромад ва ба таври низомӣ гузориш дод, ки бо амри лейтенанти калон ба «Заргар»
ҳозир шуд. Ронанда таклифи Асоевро барои нўшидани як пиёла чой рад карда, узри бисёре пеш оварда, автомашинаро тоб дода, ба қафо ба тарафи роҳи калон рафт. То аз назар пинҳон шудани автомашина ҳарду аз қафояш нигаристанд ва пас Асоев сумкаи сафари Сорбони Ҳомидро бардошта, ўро ба утоқи кориаш таклиф кард.
– Хуш тенҷӣ– мӣ? Баробари вориди утоқи кории нозири минтақавӣ шудан,– пурсид Сорбони Ҳомид.
– Тенҷӣ, биёед хона равем, дар сари дастархон ҳамашро мефаҳмед.
Лейтенант Сорбони Ҳомид ба ғайр аз розӣ шудан илоҷе надошт. Субҳи рўзи дигар Сорбони Ҳомид далелҳои шайъӣ ва гузориши муфассали Асоевро гирифта, ба Сарчашма баргашт…
… 24 …

Мўсоев аз маҷлиси мушовараи вазорат бо димоғи сўхта баргашт. Ҳарчанд имконият дошт, ки худро сафед кунад (охир баъди гузаронидани инвентаризатсия дар совхози «Заргар» ва комбинати гўшти шаҳр аллакай панҷ нафар ба ҳабс гирифта шуда буд ва ин ҳам кори кам набуд, охир ин кор маҳз бо ташаббуси милиса рух дод), вале сухане бар ҳимояи худ нагуфт.
Мўсоев мефаҳмид, ки то қотили Зоҳир Камолро ошкор насозад, ҳуқуқи худсафедкунӣ надорад.
Падараш ҳамеша таъкид мекард, ки тафовути ҳолатҳои аввалиндараҷаро аз дуюмдараҷа бояд фарқ кард. Ва то ҳанўз чанд мисоли падар дар гўши ў садо медиҳанд.
«Аввал нон баъд қанд, аввал шурпо баъд шавла, аввал мард баъд зан, аввал оҳан баъд метали ранга»… Ва суханони падарро ў имрўз бори дигар дар маҷлиси мушовараи вазорат ба ёд овард ва дарк кард, ки то қотили Зоҳир Камолро дастгир накунад, дар бораи дигар дастовардҳо сухан рондан беш аз худситоӣ чизе нест.

пешина
аз 416
навбатӣ