Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Соли нав муборак Назар Барзуевич аз назди ҳавлиатон гузашта, як пиёла чоятонро нўшем гуфта истодем.
– Марҳамат, ба хона дароед.
– Даромадан бошад осон, вале агар рухсат медодед автомашинаро ба ҳавлӣ медаровардем,– гуфт Ҳусейнов мудири фермаи хоҷагии «Заргар» ва илова кард, ки меҳмон атои Худо аспаш балои Худо.
«Соле ки накуст аз баҳораш пайдост»,– аз дил гузаронд Барзуев ва дарвозаи калонро кушод. Онҳо то посе аз шаб гузаштан суҳбат карданд. Ҳусейнов ва Барзуев қадаҳо бардошта ҳамдигарро ба соли нав табрик карда, дар кор барои ҳамдигар муваффақиятҳо орзу карданд. Орзу карданд, ки соли нав дўстонро шод ва душманонро кўр гардонад.
Ҳусейнов пеш аз хестан ба ронанда амр кард, ки автомашинаро барои рафтан омода созад.
Тахминан пас аз даҳ – понздаҳ дақиқа ронанда омада гуфт, ки автомашина тайёр аст ва ў аз қафои меҳмонон ба берун баромад. Чашми соҳибхона ба модагови калони зотии рангаш бур, ки дар дарахти себи пеши ҳавлиаш баста шуда буд, бархўрд.
Ҳарчанд таҳи дилаш шод шуда бошад ҳам, вале гуфт:
– Ҳеҷ чиз лозим набуд, омаданатон бе дастовез ҳам як тўҳфаи бузургест барои ман, истед пулашро оварда диҳам.
– Назар Барзуевич, ҳеҷ пул лозим нест. Ҳисоби дустон дар дил. Ин як тўҳфачае аз мо ба бачаҳоят дар соли нав. Фаромўш накунед ба янгамулло гўед, ки пагоҳӣ онро дўшад.
Вақте ки автомашина аз ҳавлӣ берун шуд аввалин қатраҳои барф ба рўйи Барзуев зад. То соли нав ҳамагӣ як соат вақт монда буд. Дар як соат он қадар барф зад, ки пайи автомашинаро аз чашми ҳамсояҳо, аз чашми бадбинон пинҳон кард ва аз чунин ранг гирифтани кор Назар Барзуев хурсанд буд.
Қарз ба қиёмат намонад гуфта дар соли нав ҳисобро бо дўстони заргариаш баробар кард Барзуев. Бо нуги қалам бисту панҷ сар чорвои калони шохдоро ў ба коми сел тела дод.

пешина
аз 416
навбатӣ