Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Газетаҳоро печонида бо имзои худ ва холисон онҳоро маҳкам кард. Ном ва насаби холаи Аваз (аз рўйи нишондоди Сайфулло писарбачае, ки ба ў газетаҳоро дода буд, чунин ном доштааст)– ро муайян намуда, сипас бо аҳли хонаводаи Файзулло хайрухуш карда баромад. Файзулло ўро то истгоҳ гусел кард.
Аз телефон автомат ба ШКД ноҳияи Сарчашма телефон карда, Сорбони Ҳомидро пурсид.
Лаҳзае пас Сорбони Ҳомид ҷавоб дод. Асоев гуфт, ки ўро интизор шавад.
– Имрўз маҷлиси оперативӣ оид ба ҷамъбасти ҳаштмоҳа, шояд тўл кашад,– гуфт лейтенант Сорбони Ҳомид. – Худам ҳам фардо ба Заргар омаданӣ.
– Хайр фардо шуморо интизор мешавам,– гуфт Асоев ва гўшакро монд.
Рўзи дигар Асоев то бегоҳ дар утоқи кориаш нишаста бегоҳӣ як сари қадам ба хонааш рафта ҳамсарашро гуфт, ки соатҳои бисту се меҳмон меояд ягон хўрок тайёр карда монад.
– Ин чи хел меҳмон будааст дар ин нисфи шаб, о одамони дигар то соати бисту се як сар хоб мераванд, – хандида гуфт ҳамсараш Ҳусноро.
– Милиса.
– Дилам ҳам гувоҳӣ медод, ки милиса аст,– гуфт зан.
Асоев боз ба ҷойи кораш рафт. Ба дружиначиёни ихтиёрии халқӣ ва нозирони ғайриштатӣ супоришҳо дода, худ интизори омадани Сорбони Ҳомид шуд…

… 23 …

Назар Барзуев ду соат боз дар назди муфаттиш нишаста, оид ба корҳои ба анҷом расонидааш «ҳисобот» медод. Ҳарчанд ў аз худ мусичаи бегуноҳ тароишдани шуд, вале муфаттиш далелҳоеро пеш овард, ки рад кардани онҳо ғайриимкон буд.
Ва ниҳоят ў вохўрии аввалинашро бо Ҳусейнов пеши назар овард…
Шаби соли нав автомашинаи тағмаи «ГАЗ–53», ки бортҳои ниҳоят баланд дошт, дар назди дарвозаи Барзуев истод. Назар Барзуев, ки дар давоми кораш ба гирифтани тўҳфаҳои пинҳонӣ одат карда буд, дар назди дарвозаи хонааш истодани автомашинаро фоли нек пиндошта берун баромад…

пешина
аз 416
навбатӣ