Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Писарам ин кас келин, Адолат ана инаш ҳамноми шумо.
Мастура –хола тифлро бардошта, ба дасти меҳмон дод.
Вақте ки келин тифлро бардошта бурд, Асоев аз кору бори писари хурдии Мастура – хола Сайфулло пурсон шуд. Дар ин вақт дар пеши дар худи Сайфулло пайдо шуд.
– Номашро гиру гўшашро каш,– гуфт хола, ана худаш.
Сайфулло чаро ба амакат салом намекунӣ?
Сайфулло аз сар шапкаи аз газета сохтаашро гирифта, вориди хона шуд.
Пас аз салом Асоев гуфт, ки чаро газетаро нахонда ин хел беэҳтиётӣ кардаӣ.
– Ҳамаашро хондам, ана марҳамат гирифта савол диҳед,– гуфт Сайфулло.
Асоев газетаро гирифта лаҳзае дасту по хўрд. Газетаи «Зарбдор» бо баъзе калимаҳои буридашуда.
– Ин газета чӣ хел ба дастат афтод? – пурсид Асоев,– ё шумо ба ин газета обунаед?
– Не ман аз дасти писари ҳамсоя онҳоро гирифтам. Ин газетаро бисёр ў мехост, ки оташ занад, вале ман илтимос карда, онҳоро гирифтам. Гуфт холаам супориш дод, ки ин газетаҳоро сўзон. Ман газетаҳоро гирифтаму гуфтам, ки рафта ба холаат гўй, ки онҳоро оташ задӣ.
Ў розӣ шуд ва газетаҳоро ба ман дод. Сайфулло лаҳзае пас як даста газетаҳои «Зарбдор» – ро оварда ба дасти меҳмон дод.
Асоев газетаҳоро аз назар гузаронида, қариб дар ҳаштои он калимаҳои буридашударо дид. Ў мактуби беимзои дар дасти Сорбони Ҳомид бударо ба ёд оварда, ба Мастура хола гуфт, ки каме бо Файзулло кор дорад. Чун Мастура хола баромада рафт, Асоев бе ягон дудилагӣ моҳияти корро ба Файзулло фаҳмонда аз ў ёрӣ хост.
– Ҳар он чи ки аз дастам биёяд барои ҳақро ба ҳақдор расонидан ба шумо ёрӣ медиҳам,– гуфт Файзулло. Сипас, дар варақи дафтари талабагие баёноти Сайфуллоро дар иштироки бародараш Файзулло гирифт.
Ба мақсади овоза накардани кор акт тартиб дода, газетаҳоро бо нишондоди рақам ва рўзи баромадашон дар ҳар кадом газета чанд калима аз кадом сатр ва саҳифа бурида шудааст, дар акт нишон дода, Файзулло ва ҳамсараш Адолатро ба сифати шахси холис даъват кард, то ба акт имзо гузоранд.

пешина
аз 416
навбатӣ