АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Майлаш, ман розӣ,– гуфт Асоев ва ҳамроҳи Файзулло роҳи хонаашонро пеш гирифт…
Тахминан панҷ сол пеш Файзулло Қудратов аз ҳабс озод шуда, ба ҷойи истиқоматаш баргашт. Беандеша, ки буд боз ба ёру дўстони пештарааш якҷоя шуд ва рўзе модараш ба назди Асоев омада арз намуд, ки ба ў ёрӣ диҳад ва ҷигарбандашро аз роҳи бад гардонад. Асоев он вақтҳо дар ҳамин маҳалаи шаҳр вазифаи нозири минтақавиро ба ўҳда дошт. Ў чандин бор бо Файзулло суҳбат кард, вале бенатиҷа. Дид, ки намешавад ба номи сардор гузориши муфассале навишта, ба зери назорати маъмурӣ гирифтани Қудратовро талаб кард.
Прокурори ноҳия низ ҳолатҳои ба амаломадаро ба инобат гирифта, барои ба зери назорати маъмурӣ гирифтани Қудратов розигӣ дод.
Акнун як қатор ҳуқуқҳои Қудратов маҳдуд карда шуда буданд, ки минбаъд ин кор танҳо ба манфиати ў шуд. Бо ёрии бевоситаи Асоев ў курси ронандагиро хатм карда, дар яке аз автобазаҳои шаҳрӣ ронанда шуд. Ду сол пеш Асоев ба Сафедоб ба кор рафт ва дигар аз аҳволи Файзулло Қудратов хабаре надошт. Насиби дидор ки будааст, имрўз ўро вохўрд ва ҳатто таклифашро пазируфта, акнун ба меҳмонӣ ба хонаи Файзулло рафта истодааст…
– О киро мебинам?– баробари вориди ҳавлӣ шудан гуфт модари Файзулло Мастура–хола ва аз ҷояш ба пешвози меҳмон бархост.
– Ҳа, писарам шамоли куҷо паронд, худоро шукр ки бори дигар шуморо медидем, – гуфт модари Файзулло барои вохўрӣ даст дароз карда.
Меҳмонро ба боло гузаронида дастархон густурданд.
Мастура–хола оид ба кору бор ва зиндагии Файзулло нақл кард. Акнун Файзулло сутуни хонадонам, писарам. Соли гузашта оиладор шуд ва ду ҳафта пеш соҳиби писарча шуд. Ба хотири некиҳоят ба тифли нав номи шуморо гузоштем.
– Адолатҷон, канӣ Ҳимматихудоро биёред.
Лаҳзае пас духтараки ношиносе тифле дар дасташ ба назди меҳмон омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор