Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ хеле ки мегўянд «на пай буду на ҳайдар». Ҳар қадар гирду атрофро аз назар гузаронд аз он зан нишоне наёфт.
Наход ин ҳамон зане бошад, ки нақши ангуштони Одиловро дар шишаи коняк гирифтааст. Агар дар ҳақиқат ин ҳамон зан бошад, симояш бо фотороботаш як себи дукафон.
Дигар дар истгоҳ истодан маъние надошт ва ў аз пайи кораш рафт.

… 22 …

Рўзи панҷшанбе 28 август Асоев аз сардори ШКД ноҳияи Сафедоб рухсат гирифта ба шаҳр ба ярмарка рафт. Имсол писари калониаш Тоҷиддин ба синфи якум мерафт. Аз ин рў дар Заргар дарёфти баъзе ашъёҳои талабагӣ душвортар буд ва Асоев ба шаҳр омад.
Ў дар бинои «Олами кўдакон» хело сайругашт намуда, барои Тоҷиддин формаи мактабӣ харид. Ҳамчунин китобу дафтар ва сумкаи талабагие низ ба даст овард. Қариб ки дар шаҳр кори дигар надошт ва нохост Файзуллоро дид.
– Ҳа, командир нашинохтед?,– гуфт Файзулло.
– Чӣ хел нашиносам? – гуфт Асоев. Охир шуморо фаромўш карда мешавад, Файзуллоҷон.
– Эй ман қоил командир,– гуфт Файзулло,– ҳатто номамро ҳам фаромўш накардаӣ.
Сипас, Асоев дар бораи кору бор ва зиндагии Файзулло пурсон шуд.
– Шукри Худо, ҳама нағзем,– гуфт Файзулло ва ману модарам ҳамеша дуогўйи шумоем, охир шумо кам некие ба мо накардаед…
– Не, Файзулло, ман ҳеҷ гуна некие ҳам бароятон накардам,– хоксорона гуфт Асоев.
– Эй командир, мо дар ин байни роҳ чӣ шиштем,– биё беҳтараш ба хона равем, таклиф кард Файзулло.
Лейтенанти калон як қатор сабабҳоро пеш оварда рафтанӣ шуд.
– Командир, албатта, дар идораатон ба шумо таълим додаанд, ки бо одамони судшудагӣ ҳеҷ гоҳ алоқа накунед, то ба шаъни милиса иснод наоред, охир наход ҳамин доғи судӣ як умр дар ман монад, наход ман боре ҳам шуморо ба меҳмонӣ даъват карда натавонам,– бо ҳасрат гуфт Файзулло.

пешина
аз 416
навбатӣ