АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Кабири Карим иҷро нашудани плани ширро баҳона карда, ба фурўхтани модагов розӣ нашуд…
То ба нафақа рафтани Кабири Карим ў дигар ба «Заргар»
қадам намонд.
Чархи гардун заргариёнро низ ба назди ин марди мушкилкушо овард.
Бо ёрӣ ё кўмаки ў бисту панҷ сар чорвои ин хоҷагӣ яку якбора ба коми сел рафт…
– Барзуев ба назди муфаттиш,– гуфтани милитсионери навбатдор ўро аз байни фикру андешаҳо берун овард…
… 21 …
Сорбони Ҳомид аз гузаргоҳи назди олами кўдакон ба тарафи хонаи хизматӣ маиши «Садбарг» гузашта истода чашмаш ба зане бархўрд. Чеҳраи зан шинос менамуд, вале дар куҷо диданашро ҳеҷ ба ёд оварда натавонист. Хеле роҳ рафт ва танҳо дар даромадгоҳи хонаи хизмати маишии «Садбарг»
фикре ба сараш зад. Ў саросемавор ба қафо баргашта, бо тамоми суръат дар роҳи навакак омадааш давид. Мардум бо ҳайрат ба ў нигоҳ мекарданд. Лейтенант чи тавр ба байни роҳ баромаданашро нафаҳмид. Сахт тормоз додани автомашинае ўро аз байни фикру хаёл баровард ва агар ронанда бетаҷриба мебуд, ў ба зери чархи автомашина мемонд. Ронандаи миёнсоле аз кабина баромада, аз гиребонаш гирифта суханҳои қабеҳ гуфт. Гуноҳ ки дошт чизе гуфта натавонист. Шукри худои таолоро кард, ки зинда монд. Ў гунаҳкорона ба тарафи ронанда нигариста гуфт:
– Мебахшед ака.
Ронанда узри ўро пазируфт ё не худаш ҳам нафаҳмид, чунки гиребонашро сар дода, дигар сухане нагуфта ба автомашинааш нишаста рафт…
Аз роҳ гузашта буд, ки мўйсафеде нигоҳаш дошт. Аз афташ мўйсафед шоҳиди ин манзара шуда буд ки гуфт:
– Эҳтиёт – ними ҳаёт»гуфтанд. Худо як бори дигар ҷони нават дод бачам.
– Шукри Худо, ки умр боқӣ будааст,– гўён Сорбони Ҳомид бо мўйсафед ҳам хайр гуфта, ба тарафи истгоҳ давид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор