АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 20 …
Вақте ки Барзуев Назар вориди камераи ҳабсхона шуд ва дари оҳанинро аз қафояш бастанду садои тоб додани калид аз беруни камера ба гўшаш расид, вуҷудаш ба ларза даромад. Ба худ андешид, ки кай аз байни ин деворҳои сангин мебаромада бошад. Камера ба воситаи чароғаки электрикие, ки аз болои дар овезон буду онро низ аз камера қафасе ҷудо мекард, рушноӣ мегирифт. Гўё аз меҳмони дохили ин иморат офтоб ҳам рўй гардонида буд. Барзеув ба курсии танҳое, ки дар фарши хона маҳкам карда шуда буд, нишаст ва ба гирдоби андешаҳо дода шуд…
Тахминан ду сол пеш ў ба вазифаи сардори идораи суғуртаи ноҳияи Сафедоб ба кор омад. Қариб шаш моҳ «таҷриба» андўхт ба вазъи маҳал ва мардуми он шинос шуд.
Ниҳоят аз камингоҳ берун омад ва таҷрибаи андўхтаашро дар истеҳсолот ҷорӣ кард. Бори аввал майдони бист гектар замини ғалладонаи яке аз хоҷагиҳои зироаткории ноҳияи Сафедобро ғайри қонунӣ суғурта намуд ва аз ин ҳисоб ком ширин кард.
Чун дид, ки касе пишакашро пиш нагуфт доираи фаъолияташро васеътар кард. Он вақт аз ҳамаи хоҷагиҳо ба наздаш «корафтодагон» меомаданду аз хоҷагии «Заргар» не.
Барзуевро акнун мушкилоткушои ҳама камбудиҳо мегуфтанд.
«Агар кўҳ ба назди Аҳмад наояд, Аҳмад бояд худ ба назди кўҳ равад» гуфтагӣ барин боре ў худ роҳҳи совхози «Заргар» - ро пеш гирифт. Директори хоҷагӣ Кабири Карим аз рўйи одоби меҳмоннавози ўро хуш пазируфт, вале мисли дигар роҳбарони хоҷагиҳо ягон ёрие аз ў талаб накард…
– Раис бо коре наздатон омада будам,– гуфт меҳмон.
– Хуш бошад.
– Як сар модагови ширдеҳ даркор бо кадом нархе, ки бошад, мехарам худситоӣ карда меҳмон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор