Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аргус рақами супоридашудани ҷавонаро дар роҳхати байторӣ дарёфт намуд, ки он дар кушодани аввалин ҳаракатҳои ғайриқонуни мудири ферма Ҳусейнов асос гузошт ва сабаби ба ҳабс гирифтанаш гардид.
Файзулло Орзуевич ҳангоми санҷидани ҳуҷҷатҳои хоҷагии «Заргар» нусхаи гувоҳномаи минтақавии ҷавонаро пайдо намуд. Санитарии участкаи байтори ноҳияи Сафедоб Сафаров, ки дар «Заргар» адои вазифа дошт тасдиқ кард, ки ҷавона 70 кг вазн дошт. Ҳамзамон ширдўши совхози «Заргар» Боева Тағойгул аз супоридани модагове, ки 318 кг вазн дошт гиламандии худро изҳор намуда гуфт, ки модагов касале надошт ва ягон ҳоҷате барои ба гўшт супориданаш набуд.
Орзуев ҳар қадар ба ҳуҷҷатҳо шинос мешуд, ҳамон қадар ба «ақлу хирад, навоварӣ ва кордонӣ»– и Ҳусейнов ва ҳаммаслакони ў ҳайрон мемонд. Дар ягон шаҳодатномаи байторӣ чорвои ба комбинати гўшти шаҳр фиристодашуда имзои Зоҳир Камол ёфт нашуд. Дар ҳама ҳуҷҷатҳо ба ҷойи ў байтори хоҷагӣ Маҳмудов (амакбачаи Олимов) имзо гузошта буд.
Ҳарчанд сарбайтор Зоҳир Камол дар содир кардани ҷиноят ҳаракате накарада бошад ҳам, вале агар зинда мемонд аз адолати судӣ гурехта наметавонист, чунки беҳаракатӣ низ дар назди қонун худ ҷиноят аст. Маҳз аз беҳаракатии ў дигарон истифода бурда, ҷиноят содир карданд, вале ў пеши ин қонуншиканиро нагирифт ва ин маънои онро дошт, ки ў низ бо ҷинояткорон ҳамақида буд.
Ҳарчанд дар зиндагӣ Зоҳир Камол беҳаракатӣ зоҳир кард, вале рўҳи ў пас аз маргаш гурўҳи ҷинояткорро ором нагузошт ва ба курсии ҷиноятӣ кашид…
Сардори ОБЭП Орзуевро як фикр ором намегузошт. Дар аввалҳои моҳи июл дар совхози «Заргар» ревизия гузаронида шуда буд, вале бенатиҷа. Орзуевро маҳз ҳамин хунукназарии ревизорҳо нисбат ба вазифаи хизматиашон ба ташвиш меовард.
Агар онҳо дар вақташ ҳуҷҷатҳои бухгалтариро таҳлили аниқ мекарданд, механизми кории гурўҳи ҷинояткорон ин қадар мустаҳкам ва дастнорас намешуд. Офтобро ба доман пўшондан намешавад ва чи хеле ки дар урфият мегўянд он чи дар дег ҳаст дар кафлес мебарояд ва ё ҳар оғозеро анҷоме ҳаст ва марги Зоҳир Камол ба ин кор нуқта гузошт…

пешина
аз 416
навбатӣ