Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бовар кардан бошад ман бовар кардам, вале бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Фактҳо бошанд ҳамааш ба муқобили шумо.
Мефаҳмам ба ҳаминаш ҳам раҳмат, охир маро касе бовар намекунад, ҳатто дар рўям баъзеҳо мегўянд, ки кўзапуштро танҳо хоки гўр рост мекунад. Акнун ҳамааш ба худатон вобаста.
– Яъне чӣ хел?
– Мо бояд бо ёрии шумо ҳамон занро ёбем.
– Дар ин шаҳри калон ин баробари он аст, ки дар байни як тўдаи калони коҳ сўзанро ҷўйӣ.
– Дигар илоҷаш нест.
Дар асоси нишондоди Одилов фотороботи он занро тартиб доданд ва ба ноҳияҳои гирду атроф фиристоданд…

… 19 …

Аз ҳама бештар дар супоридани чорвои касал Ёғиев Ғанӣ (додарарўси мудири фермаи совхози «Заргар») кушиш ба харҷ дода буд ва ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ аз ташаббускории ў хабар медоданд. Ҳуҷҷатҳо ҳамчун шоҳиди нобино гувоҳӣ медоданд, ки шаҳрвандони алоҳидаи хоҷагии «Заргар» тамоми имкониятҳоро ба харҷ дода кушиш намудаанд, ки чорвои касали ба салоҳхонаи санитарӣ овардаашон ҳамеша вазни калонро доро бошад ва навъи гўшти супоридаашон ҳеҷ гоҳ аз фарбеҳи миёна паст нагардад.
Ҳарчанд аз вазну навъи чорвои супоридашуда дигар нишонае ба чашм нарасад ҳам, вале маблағи калони сўмие, ки ба воситаи кассаи амонатгузорӣ барои шаҳрвандони ин хоҷагӣ гузаронида шуда буд, далели равшани меҳнати пурсамарӣ супорандагон буд.
Рўзи 25 июн мудири фермаи совхози «Заргар» Ҳусейнов ба салоҳхонаи санитарӣ як сар модагови хоҷагиро, ки 318 кг вазн дошт ва ҷавонаи лоғари шахсиеро ки 70 кг вазн дошт супоридааст. Байтори салоҳхонаи санитарӣ Юлдошев баъди ташхис дар ҳуҷҷатҳои чорвои хоҷагӣ касалии гузаранда доштани онро нишон дода, истеъмоли гўшти онро маън намуда, барои нест кардани он фармон додааст. Ҳуҷҷатҳои ҷавонаи шахсиро иваз карда, бо нўги қалам онро ба буқаи 310 кг вазн дошта табдил додааст.

пешина
аз 416
навбатӣ