АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Рафиқ лейтенант ба сари мақсад биёед. Охир кору бор ва зиндагии маро аз худам беҳтар медонед…
– Майлаш ба сари мақсад бошад бигузор гуфти шумо шавад, акнун гўед, ки кай дар куҷо ва бо кӣ коняки панҷситорадори арманӣ нўшидед?
– Сад афсўс ки барои нўшидани чунин шаробҳо маблағ надорам.
– Пас дар ҷойи куштор дар шишаи коняк мондани нақши дастонатонро чи хел шарҳ медиҳед?
– Шўхӣ ҳам ба эбаш будагист, хуҷаин.
Сорбони Ҳомид аз байни папкаи ғафси картони хулосаи экспертизаи дактелоскопиро бароварда назди Одилов гузошт.
Одилов ба хулосаи экспертиза шинос шуда сар ба зер афканд.
– Рафиқ Одилов шумо одами хурд нестед ва бояд дар кадом вазъият афтиданатонро фаҳмед.
– Мефаҳмам,– бо овози гирифта гуфт Одилов.
Фазои идораро хомўшӣ фаро гирифт. Ва ин хомўшӣ ниҳоят тўлонӣ буд. Ва ниҳоят Одилов сар бароварда ба сухан оғоз кард.
– Дар давоми се моҳи дар озодӣ будан, коняк он тараф истад, ҳатто арақ ҳам нанўшидам. Тахминан дар аввалҳои моҳи август рўзаш аниқ дар ёдам нест, вақти аз завод баромаданам як зани 30–35 соларо бо борхалта дидам. Хостам аз паҳлўяш гузашта равам, вале ў илтимос кард, ки то истгоҳ ба ў ёрӣ диҳам. Халтааш ниҳоят вазнин буд ва ман пурсидам, ки чӣ дорад. Зан гуфт, ки худам гирифта бинам. Гуфтам ин нохуб аст, вале ў гуфт, ки шояд маъқулат шавад ва ман, ки халтаро дар дасти чап медоштам, дасти ростамро ба халта бурда, аз он ҷо як шишаро кашида баровардам. Шиша шишаи коняки армании панҷситорадор буд. Пурсидам, ки намефурўшӣ гуфт не, худам ба зўр дастрас кардам. Ҳамин хел суҳбаткунон мо то истгоҳ омадем ва зан халтаашро гирифта, барои ёриам ба ман ташаккур гуфта дар автобус нишаста рафт. Дигар ўро надидам.
Ҳамааш ҳамин, агар ба ман бовар кунед чи хуб, агар бовар ҳам накунед, ман дигар шоҳид надорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор