Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кабири Карим зиёда аз чил соли ҳаёти худро дар соҳаи чорводорӣ гузаронида, дар мудати 28 соли охир роҳбари ин хоҷагии пешқадам буд. Зоҳир аз он хурсанд буд, ки бо чунин марди шарифе кор мекунад. Мўйсафед ҳам ду – се бор меҳмони хонаи сарбайтор шуда буд ва Наргис ҳам ўро мешинохт. То кунун Наргис инсонеро чунин хоксор вонахўрдааст.
Ситораи ин марди асил ба раиси нави ҳукумати ноҳияи Сафедоб Ибодов рост наомад ва моҳи ноябри соли гузашта ў дар асоси аризааш ба нафақа баромад. Қисми зиёди мутахассисон ба нафақа рафтани Кабири Каримро як талафоти бузурге ҳисобида, оқибат худ низ аз ин хоҷагӣ баромада рафтанд.
Ҳарчанд мутахассисони хуб дар совхоз хеле зиёд буданд, раиси нави ноҳия Олимов ном шахсро аз комбинати гўшти шаҳр оварда, директори ин хоҷагӣ таъин кард. Дар давоми даҳ моҳ корӣ қариб 70 фоизи мутахассисон дигар шуданд. Зоҳир Камол ҳам боз ба ҷойи кори аввалааш институти чорводорӣ гузаштанӣ буд, вале бо баҳонаи ҷойи холӣ нест, кори ўро имрўз ба фардо мемонданд. Худи Олимов ҳам чунин мутахассиси хубро сар додани набуд. Боре Наргис аз шавҳар дар бораи директори нави хоҷагӣ пурсон шуд. Зоҳир табассуме карда чизе нагуфт. Дар табассуми шавҳар зан тамасхурро ҳис кард ва ҳисси кунҷковиаш боло гирифта, боз саволи додаашро такрор кард.
– Акнун гург чўпони рама шудааст,– бо қавоқи гирифта гуфт шавҳар.
Наргис дигар чизе напурсид. Ў ҳис мекард, ки вақтҳои охир Зоҳир тамоман тағир ёфта буд.
«Агар рафту ягон воқеа ба ман рух диҳад» гуфтани Зоҳир низ бесабаб набудааст,– гуфт Наргис дар охири суҳбаташ бо муфаттиш ва хайрухуш карда берун баромад. Офтоб ба қиём рафта буд…
… 18 …
Ду соат боз Сорбони Ҳомид дар утоқи кориаш бо Одилов суҳбат дорад. Суҳбати бепротокол, лейтенант аз кору бор ва зиндагии Одилов донистан мехоҳад… Оқибат ин суҳбат ба ҷони Одилов зад магар ки гуфт:

пешина
аз 416
навбатӣ