АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 17 …
Наргисро ба прокротура даъват карданд. Муфаттиш Носиров баъд аз шиносоӣ ўро ба сифати шоҳид пурсид. Дар давоми сеюмин соат ў ба саволҳои муфаттиш ҷавоб гуфт.
Ҷузъиёти майдатарини ҳаёти якҷоя бо Зоҳир дар рафти пурсиш пеши назараш омад…
Агар рафту ягон воқеа ба ман рух диҳад ҳам дигар павое надорам, чунки акнун номбардор, ворисе дорам.
«Аз даҳонат шамол барад» чаро ин хел мегўйӣ, чӣ воқеа бояд рух диҳад, канӣ гап зан, бо исрор талаб кард зан.
Аз куҷо гирифтӣ, ки бояд ягон воқеа рух диҳад, инро ман ҳамин хел гуфтам. Дар омади гап гуфтам. Ту бошӣ яку якбора аз нўги забонам гирифтӣ гуфт Зоҳир, ҳангоми вохўрии охирин.
Наргис ҳам мисли тафтишот дар ҷустуҷўйи ҳақиқат буд ва ў низ сабабҳоеро меҷўст, ки боиси марги Зоҳир гардида буданд…
Тахминан се сол пеш ҳангоми дар институти чорводорӣ кор карданаш як бегоҳ ба хонаи онҳо раиси ҳукумати ноҳияи Сафедоб Мирзои Авлиёпур омад. Онҳо ҳамроҳи Зоҳир то посе аз шаб суҳбат карданд. Субҳи пеш аз хайрухуш гуфт, ки янгамулло акнун ман Зоҳирро ба Сафедоб мебарам. Наргис чизе нагуфт ва пас аз рафтан меҳмон аз шавҳар шарҳи суханони меҳмонро талаб кард. Раис бо тавсияи Иван Григоревич Лебедев ба хонаи мо ташриф овардааст ва мехоҳад, ки ман дар хоҷагии «Заргар» ба ҳайси сарбайтор ба кор равам. Ҳарчанд, ки раисро бори аввал медидам, вале ба хотири суханони мўйсафед (И.Г.Лебедев) таклифи ўро рад карда натавонистам.
– Ҳақи устод аз падар беш аст, – мегўянд дар урфият ва Наргис ҳам ба муқобили фикри шавҳар баромада натавонист, чунки эҳтироми шавҳарро нисбат ба устодаш нағз медонист.
– Иван Григоревич ки раисро фиристода бошад, чӣ илоҷ,– оҳ кашида гуфт зан.
Мирзои Авлиёпурро баъди як сол барои таҳсил ба мактаби олии партявии шаҳри Минск фиристоданд.
Совхози «Заргар» яке аз хоҷагиҳои пешқадамтарини чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт ва дар пешрафти он саҳми собиқ директори он Кабири Карим хеле калон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор