Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзеи онҳо барои маблағи ночизе шуда виҷдон ва имони худро фурўхта бошанд, баъзеи дигарашон аз рўйи мақоли халқӣ «аз сухани дўстро шикастан гардани шайтонро шиканам беҳтар» амал намуда, дар ин кори нангин шарик шуданд ва акнун ҳар яки онҳо сабаб ва далелҳои зиёдеро пеш оварда бегуноҳии худро исбот карданӣ мешуд.
Тафтишот механизми кори гурўҳи муташаккили ҷинояткорро оҳиста – оҳиста рўйи об баровард. Ба ғайр аз кормандони совхози «Заргар» ва салоҳхонаи санитарӣ боз мутахассисони гуногуни дигар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла корманди суғурта ва стансияи обу ҳавосанҷӣ низ шомили ин гурўҳ буданд.
Барои он ки дар анбори салоҳхонаи санитарӣ миқдори зиёдатии гўшт пайдо шавад, гурўҳи муташаккили ҷинояткорон «навоварӣ ва ихтироотӣ» зиёдеро дар истеҳсолот ҷорӣ мекарданд. Дар давоми ҳафт моҳ дар совхози «Заргар» бисту панҷ сар гов ба воситаи суғурта, ки гўё онҳоро сел бурдааст, акт монда аз ҳисоби хоҷагӣ бароварда буданд. Дар ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ оид ба боронҳои пай дар пай, ки боиси омадани сел шудаааст, справкаи стансияи обуҳавосанҷӣ бо имзои актинометрист Селезёнова Е.И. ёфт шуд.
Баъдтар тафтишот исбот кард, ки ҳамаи бисту панҷ сар чорвои суғурташуда, ҳамчун моли шахсӣ вориди салоҳхонаи санитарӣ шуданд ва ба ивази «ҷони худ» ҳамёни судхуронро ғафс намуданд.
Мегўянд, ки иштиҳо дар вақти хурдан пайдо мешавад.
Гурўҳи ҷинояткорон низ барои луқмаи калонтаре шуда «ихтироотҳои» навро тарҳрезӣ мекарданд. Онҳо вазнинии корро дар салоҳхонаи санитарӣ баҳона карда, бо ҳар роҳ аз қабул баркашидан ва ғасби чорвои аз дигар хоҷагию ноҳияҳо овардашударо ба таъхир меандохтанд. Аксарияти экспедитороне, ки чорворо меоварданд, кўшиш мекарданд, ки ҳарчи тезтар онҳоро супориданд ва ҷони худро озод намоянд, чунки даромади моддиеро интизор набуданд ва маҳз аз ҳамин сабаб манфиатдори кор набуданд. Рафтори кормандони салоҳхона онҳоро ба дараҷае дилхунук карда буд, ки ҳатто дуруст диққат намедоданд, ки вазн ва навъи чорвои овардаашон беҳад паст карда мешавад…

пешина
аз 416
навбатӣ