Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаб ба Сарчашма расида, сари қадам ба идора даромад. Мўсоев дар идора будааст. Сорбони Ҳомид назди сардори ШКД даромада оид ба рафти корҳо ҳисобот дод.
Ронандагон аслан мардумеанд, ки хобро намедонанд.
Чашми рўз накафида Сорбони Ҳомид ба ҷойи кори Ҳабибулло Тошев омад. Дар дарвозаи автокалона аз Тошев пурсон шуд.
Қаровул гуфт, ки ана вай дар назди автозаправка, тез бош ки наравад. Автомашинаи Камаз аллакай ба ҳаракат даромада буд ва чи шуду ронанда дар оина шахсеро дид, ки бо тамоми суръат аз қафои автомашина давида даст меафшонад. Ронанда автомашинаро нигоҳ дошт…
Ҳангоми пурсиши ронандаи автомашинаи Камаз Тошев Ҳабибулло гуфт дар ҳақиқат 20 июл аз совхози «Заргар» –и ноҳияи Сафедоб ба комбинати гўшти шаҳр як сар барзагов оварда супорид…
Ҳуҷатҳои бухгалтерии ҳамчун шоҳиди нобино аз он хабар медоданд, ки дар автомашинаи мазкур ҳафт сар чорвои калони шохдор ба комбинати гушти шаҳр фиристода шудаст. Рафти тафтишот минбаъда нишон дод, ки Тошев дар ҳақиқат як сар барзаговро ба комбинати гўшт овардааст, боқимонда шаш сари дар ҳуҷҷатҳо нишондодашуда ҳеҷ гоҳ дар табиат вуҷуд надоштанд.
Гувоҳномаи минтақавӣ ва шаҳодатномаи байторӣ ба ҳамаи он ҳафт сар чорвои ба комбинати гўшт фиристодашуда навишта шуда буданд, ки барои як сараш ҳақиқӣ ва барои боқимонда шаш сараш сохта буданд.
Бо маслиҳати пешакӣ чанд нафар коргарони соҳаи чорводории совхози «Заргар» – и ноҳияи Сафедоб бо кормандони салоҳхонаи санитарӣ комбинати гўшти шаҳр забон як карда, на танҳо вазни чорворо аз будаш зиёд нишон медоданд, балки саршумори онро аз ҳаво (сохтакорӣ) оварда даромади пулӣ мегирифтанд. На ҳама шахсоне, ки чорвои онҳо дар асоси ҳуҷҷат ба салоҳхонаи санитарӣ супорида шуда буд, дар асл чорво доштанд.

пешина
аз 416
навбатӣ