АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Гувоҳномаи минтақавӣ бошад, бланкаи ҳисоботи қатъист, ки онро ба дасти супоранда котиби колхоз, совхоз ё шурои деҳот месупорад. Супоранда бо ҳамаи ин ҳуҷатҳо чорвои касалро ба комбинати гўшт меорад. Дар дарвозаи салоҳхонаи санитарии байтории салоҳхона аз нав чорворо аз назар мегузаронад. Ў нишон медиҳад, ки ҳангоми дар роҳ овардан ба замми ташхиси асосии дар шаҳодатномаи байторӣ нишондодашуда, боз ягон намуди касали дигар (лату–куб) дида мешавад ё не ва ба дасти супоранда ба салоҳхонаи санитарӣ роҳҳат медиҳад.
Рақам ва тамғаи автомашинае, ки чорворо овардааст, дар журнали алоҳида қайд карда мешавад. Танҳо пас аз ин чорво ба дохили салоҳхонаи санитарӣ дароварда мешавад. Дар дохили салоҳхона усто– қассоб чорворо бармекашад ва аз рўйи коэффисенти муқараршуда, вазни чорворо пас аз куштор (гўшти тозааш) мебарорад. Супоранда нусхаи актро дар бораи куштор, ки дар он вазн ва навъи гўшт нишон дода шудааст, инчунин нусхаи квитансияи қабулро ки дар он вазн ва нарх барои як килограмм нишон дода шудааст гирифта, дар он рақам ва адреси кассаи амонатгузориро нишон медиҳад, то ки пули чорво ба он ҷо гузаронида шавад. Ин тартиби ягона ва муқаррар кардаи қонун аст, ки онро ҳеҷ кас ҳуқуқи тағир додан надорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, агар супоранда ҳангоми кашидани вазн ва ғасби чорво иштирок намояд, дар мадди аввал чунин менамояд, ки ягон азхудкуние аз тарафи кормандони салоҳхонаи рух доданаш мумкин нест, вале…
Сорбони Ҳомид ҳам дар «Заргар» буд. Рўзи сеюми инвентаризатсия сардори бахши ОБЭП–и ШКД ноҳияи Сарчашма майори милиса Орзуев Файзулло ки кормандон байни худ ўро Аргус1 мегуфтанд, лейтенантро наздаш хонда супориш дод, ки ронанда Тошев Ҳабибулоро ёфта пурсад, ки 20–июл ба комбинати гўшт чанд сар гов бурдааст.
- Аргус – нозири тартибот дар Юнони қадим, ки ҳеҷ кас
ўро харидан наметавонист, яъне пора намегирифт ва иҷрои
қонун барояш аз ҳама боло буд Азбаски Тошев ронандаи автоколонаи давлатӣ буд ва дар шаҳр зиндагӣ мекард Сорбони Ҳомид ба автомашинаи роҳгузаре нишаста, роҳи шаҳро пеш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор