Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

…Таҳлили ҳуҷҷатҳо дар комбинати гўшти шаҳр нишон дод, ки совхози «Заргар»- и ноҳияи Сафедоб қариб 80 фоизи гўштро дар салоҳхонаи санитарӣ супоридааст. Шаҳрвандони алоҳида ва худи хоҷагии мазкур дар давоми ҳафт моҳи соли равон ба салоҳхонаи санитарӣ зиёда аз чил тонна гўшт супориданд, ҳол он ки сокинони дигар хоҷагиҳои ноҳияи мазкур ҳамагӣ се–чор тонна гўшт супориданду халос. Таҳлили ҳуҷҷатҳо аз он шаҳодат медод, ки ҳайвони калони шохдори хоҷагии «Заргар» ба касалии худ нигоҳ накарда ниҳоят фарбеҳ буданд ва зиёда аз 70 фоизи гўшти супоридашудаи ин хоҷагӣ дар салоҳхонаи санитарӣ бо навъи фарбеҳи миёна қабул карда шудааст. Чорвои хоҷагии мазкур нисбат ба чорвои аз дигар хоҷагиҳо, ки ба салоҳхонаи санитарӣ оварда шуда буданд, ҳамеша дар зинаи боло меистоданд…
Бо навъи фарбеҳи миёна қабул кардани чорвои касал аз шахсони алоҳида ин хок пошидан ба чашми давлат буд.
Кормандони салоҳхонаи санитарӣ ва ҳамаслакони алоҳидаи онҳо дар хоҷагии «Заргар» вазн ва навъи чорвои шахсиро аз ҳисоби чорвои хоҷагии давлатӣ мебардоштанд, яъне чорвои хоҷагии ғайридавлатиро дар асоси ташхиси нодуруст касали гузаранда нишон дода, хўрдани гўшташро маън мекарданд ва барои нест кардани он «фармон» медоданд ва бо ин роҳ барои фиребгарӣ замима тайёр мекарданд.
Ҳолатҳои мазкурро ба инобат гирифта 18 август комбинати гўшт ва совхози «Заргар» барои гузаронидани инвентаризасия маҳкам карда шуданд.
Акнун ҳар як фактро таҳлили аниқу дақиқ лозим буд.
Рафти санҷиши ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ нишон доданд, шаҳрвандоне ки ба салоҳхонаи санитарӣ чорво меоранд «Супоранда» ном дошта бояд, дар дасташон бағайр аз шиноснома боз ду ҳуҷҷат: аввал шаҳодатномаи байтории бо нишон додани ташхиси чорвои овардашуда, дуюм гувоҳномаи минтақавӣ бо нишон додани суроғаи аниқи супоранда, чунки барои ҳар минтақа нархномаи алоҳидаи хариди гўшт ҳаст, дошта бошанд.
Шаҳодатномаи байториро байтори минтақае медиҳад, ки чорво аз он ҷо оварда шудааст. Байтор чорворо азназар гузаронида шаҳодатномаро дар ду нусха бо нишон додани ташхиси он пур карда, яктоашро барои ҳисобот ба худ гирифта, дигарашро ба дасти супоранда медиҳад.

пешина
аз 416
навбатӣ