АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Хеле шодам, ки меҳнати туро ҳам қадр карданд, вале ба фикрам ман рафта наметавонам.
– Чаро?
– Чунки дар совхоз касалии оқсил пайдо шудааст ва дар тамоми қаламрави Сафедоб карантин эълон карда шудаааст.
– Беҳтараш гўй, ки рафтан намехоҳӣ гила карда зан.
– Ман– ку рафтан мехоҳам, вале мардум чӣ мегўянд? Охир ман сармутахассиси ҳамин соҳа ва ин баробари он аст, ки аз майдони ҷанг мегурезӣ.
– Пас ман чӣ кор кунам?
– Ту бояд равӣ.
– Танҳо?
– Туро гург намехўрад, ба замми ин баробари имконияти аввалин тахминан даҳ рўз пас ман ҳам расида меоям. Он гоҳ ҳарду ду ҳафта истироҳат хоҳем кард.
Тамоми шаб ҳардуро хоб набурд. Онҳо барои тифл чӣ номҳое кофтанд. Ва ниҳоят бо кўшишҳои зиёде шавҳар занро розӣ кунонд, ки ба Хоҷаобигарм равад. Субҳ Наргис чун ҳамешагӣ Зоҳирро то остона гусел кард…
Худи ҳамон рўз Зоҳир аз шаҳр дору гирифта, ба «Заргар»
рафт ва сари қадам ба зодгоҳаш Сайёд даромада, аз аҳволи модар хабар гирифта, хушхабарро ба модар гуфт…
… 16 …
Амалиёт номи рамзии «Тарма» – ро соҳиб шуд. Бисёриҳо ба ин ном зид баромаданд, ки дар моҳи август чунин номгузорӣ хандаовар аст. Як хусусияти ба худ хоси тарма ин ногаҳон омадани ўст. Ба замми ин ў мисли сел фарсахҳои зиёдеро тай намекунад. Аз чанголи тарма раҳидан ғайриимкон аст.
– Амалёти мо низ бояд ҳамин хел барқосо сурат гирад,– гуфт Мўсоев.
Дар як рўз дар совхози «Заргар» – и ноҳияи Сафедоб ва комбинати гўшти шаҳр воқеъ дар ноҳияи Сарчашма тафтишоти бухгалтерӣ сар шуд.
Ба амалёт кормандони ОБЭП–и ШКД ноҳияҳои Сарчашма ва Сафедоб ҳамроҳ карда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор