Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо назардошти ҳолатҳои ба амаломада, ба плани тафтишотӣ тағироту иловаҳо дохил карда шуд…

… 15 …

– Хушхабаре барои ту дорам.
– Хуш, чӣ будааст, канӣ шунавем.
– Ту ягон чизро пайхас кардаӣ?
– Албатта.
– Чиро?
– Он чи ки ту аз ҳарвақта зеботар шудаӣ?
– Баръакс, акнун маро хушрўй гуфтан нашояд.
– Ба Лайлӣ бо чашми Маҷнун нигар, дар чунин шакл дидани туро ман даҳ сол орзу кардам ва аз тақдир шодам, ки ту ҳам мисли ҳама занҳо зебо шудаӣ, дур нест он рўз, ки садои тифл чун мусиқӣи дар фазои ин хонаи кўчаки мо низ танинадозе гардад.
– Наргис, ки орзуи рост ба чашмони шавҳар нигаристан дошт, аз шарму ҳаё сар ба зер афканд.
Зоҳир аз бари рухсори чун лола сурхи ҳамсар бўсида, ўро ба оғўш гирифт…
– Рост бигў инро кай ва чи хел фаҳмидӣ?
– Аз он субҳе ки туро ба духтур бурдам.
– Охир ту интизори муоинаи ман нашуда рафтӣ –ку?
– Азбаски ҳамон шабу рўз саломатии ту ҷони ширин, чашм нарасад, бад набуд, чарх задании сар, гум шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ ва пеши чашмонатро фаро гирифтани сиёҳӣ дигар маъное надошт…
– Пас чаро занг назадӣ?
– Ба куҷо занг мезадам, мо ку телефон надорем, ба замми ин худам ҳам он қадар боварӣ надоштам.
– Ва кай боварии пурра ҳосил кардӣ?
– Вақте ки ин субҳ телефон карда гуфтӣ, ки хушхабаре дорам…
– Рўзи душанбе аз донишгоҳ бароям ду путёвка ба санаторияи Хоҷаобигарм доданд.

пешина
аз 416
навбатӣ