АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Модар мехоҳад ўро ба падараш бо оне ки сабабгори ба олами ҳастӣ омаданаш гаштааст, шинос кунад.
Ва ў ҳам зид нест ва розигии худро бо як ҷунбиши ногаҳоние дар батни модар баён сохт. Ин аввалин ҷунбиши ў буд, ки модар даҳ сол боз онро интизор буд.
Наргис чанд бор назди тиреза омада, ба роҳи шавҳар нигарист, вале аз Зоҳир дараке набуд. Шом шуд ва атроф торик гашт.
Ниҳоят занги дар садо дод. Наргис ба назди дар рафта пурсид:
– Кист?
– Ман.
Наргис ин овозро дар байни ҳазорон овоз мешиносад. Ин овоз барояш чун як садои форами мусиқиест. Ва ў тайёр аст, ки соҳиби овозро тамоми умр интизор шавад.
Наргис дарро кушод. Дар рў ба рўйи ў Зоҳир меистод.
Баробари ба остона қадам ниҳодан Наргис худро ба оғўши шавҳар андохт…
… 14 …
Ҳамон тобиши моҳ натвон нуҳуфт.1 Ақидаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма мушовири адлияи дараҷаи сеюм П. Носиров нисбат ба Сорбони Ҳомид тамоман дигар шудааст.
Дар давоми ду ҳафтаи корӣ якҷоя аз рўйи парвандаи ҷиноятӣ ки аз рўйи факти марги Зоҳир Камол оғоз шудааст Носиров ба донишу маҳорат ва ҷавонмардии Сорбони Ҳомид қоил шуд. Носиров ҳамчун сардори гурўҳи тафтишот ҳарўза дар маҷлисҳои оперативие, ки аз рўйи ин парвандаи ҷиноятӣ мегузашт, иштирок мекард ва боре ҳам надид, ки Сорбони Ҳомид ноомади кори худро ба гардани касе партофта бошад.
Вақте, ки Сорбони Ҳомид рухсат пурсида, вориди утоқи кории сардори ШКД шуд, Носиров он ҷо буд.
– Марҳамат гузашта шинед,– гуфт Мўсоев. Хуш, гап занед, дар Заргар чӣ гапҳои нав.
Сорбони Ҳомид дар бораи кори дурўзааш ҳисобот дода,
.
- Аз Шоҳнома фикру ақидаҳои худро дар бораи даровардани тағироту иловаҳо ба плани оперативию тафтишотӣ баён кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор